35 years of independency
5 маслиҳати муфид ба заноне, ки мехоҳанд ҳомила шаванд
24.09.2026
Oila.tj
52

Фарзанд меваи умри инсон аст, аммо ба ҳомилагӣ зан бояд пешакӣ ҳам аз нигоҳи ҷисмонӣ ва ҳам аз назари равонӣ омодагӣ бигирад. Имрӯз мо барои заноне, ки мехоҳанд модар шаванд, чанд маслиҳати муфидро омода намудаем, ки барои сабук гузаронидани давраи ҳомилагӣ ёрӣ мерасонанд.

1. Кислотаи фолиевӣ хӯред

Яке аз қадамҳои муҳим пеш аз ҳомилагӣ - қабули кислотаи фолиевӣ ё витамини B9 мебошад. Он барои пешгирии нуқсонҳои модарзодӣ дар раванди инкишофи тифл дар батни модар аҳаммияти бузург дорад. Мутахассисон ба заноне, ки ҳомила шудан мехоҳанд, тавсия медиҳанд, ки аз 1 то 3 моҳи пеш аз ҳомилагӣ кислотаи фолиевӣ хӯранд. Дар мавриди зарурати қабули дигар витаминҳо ва моддаҳои ғизоӣ, аз ҷумла витамини D, йод ва оҳан бо духтур маслиҳат кардан лозим аст.

2. Давраи аввулятсия, яъне тухмгузариро муайян кунед

Ҳомилагӣ асосан дар давраи ба истилоҳ аввулятсия, яъне тухмгузорӣ дар организми зан имконпазир аст. Ин давра аз рӯзи тухмгузарӣ сар шуда, тақрибан 3-5 рӯз идома меёбад ва танҳо дар ҳамин рӯзҳо зан метавонад ҳомила шавад. Барои муайян кардани вақти тухмгузорӣ шумо метавонед аз тестҳои махсус ё тақвими ҳайз истифода баред.

3. Пеш аз ҳомилагӣ аз муоинаи тиббӣ гузаред

Пеш аз он ки барои ҳомилагӣ ҷиддан омодагӣ бинед, ба духтури занона - гинеколог муроҷиат кунед. Мутахассис вобаста ба вазъи саломатиатон нақшаи ташхисро тартиб медиҳад. Одатан занон пеш аз ҳомилагӣ аз чунин ташхисҳо мегузаранд: 

- муайян кардани мавҷудияти бемориҳои сироятии бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва микрофлора;

- супурдани таҳлили хун, яъне анализ барои муайян кардани иммунитет нисбат ба сурхча ва токсоплазмоз;

- таҳлилҳои умумии клиникӣ;

- УЗИ ва санҷиши фаъолияти ғадуди сипаршакл.

Агар шумо бемориҳои музмин, масалан, диабети қанд ё касалии фишорбаландӣ дошта бошед, пеш аз ҳомилагӣ ҳатман назди табибон рафта, бори дигар аз санҷиш гузаред, то аз вазъи саломатии худ бохабар гардед. Ба духтур фаҳмонед, ки нияти ҳомила шудан доред ва маслиҳат бипурсед.

4. Вазни зиёдатиатонро партофта, ғизои дуруст истеъмол кунед

Ҳам вазни аз ҳад зиёд ва ҳам камвазнӣ метавонанд ба давраи ҳайз ва тухмгузорӣ таъсир расонанд. Агар фарбеҳ бошед, кӯшиш кунед, ки вазни зиёдатиатонро партоед. Агар аз ҳад зиёд лоғар бошед, каме фарбеҳтар шавед.

Ба хӯрокатон диққат диҳед. Кӯшиш кунед, ки ба ғизои ҳаррӯзаи худ ин хӯрданиҳоро ворид намоед: сабзавот ва кабудӣ, лӯбиё, нахӯд ва донагиҳои дигар, моҳӣ, гӯшт, тухм ва дигар хӯрданиҳое, ки дар таркибашон сафеда доранд. Истеъмоли шакар ва карбогидратҳои зудҳазмшавандаро кам кардан лозим аст. Кӯшиш кунед, ки бисёр қаҳва нанӯшед.

  1. Аз одатҳои зараровар даст кашед ва аз стресс дурӣ ҷӯед!

Тамокукашӣ, машрубот ва дигар моддаҳои психоактивӣ метавонанд ба қобилияти ҳомилашавӣ ва ҷараёни солими ҳомилагӣ таъсири манфӣ расонанд. Агар шумо барои ҳомилагӣ омодагӣ мебинед, пас аз нӯшидани машрубот, кашидани тамоку, сигорҳои электронӣ ва дигар моддаҳои психоактивӣ дурӣ ҷӯед. Ин тавсия ба падари оянда, яъне шавҳари шумо низ дахл дорад, зеро тамоку кашидани мард метавонад ба нишондиҳандаҳои нутфа таъсири манфӣ расонад.

Ба хоби худ низ диққат диҳед. Кӯшиш кунед, ки шабона на камтар аз 7-8 соат хоб кунед ва худро аз асабоният ва стресс дур нигаҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД