Роҳҳои дубора ром кардани
марди аз зан дилсард гашта
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта оиладор шуда будем. Зиндагӣ бе пасту баландӣ намешавад, баъзан гапи мо мегурехт. Боре сахт ҷанҷол шудему мани сода қаҳр карда ба хонаи модарам омадам. Шавҳарам дигар ба суроғам намеояд. Росташро гӯям, шавҳарамро сахт дӯст медорам, зиндагиамро бе вай ҳатто тасаввур карда наметавонам. Дугонаҳоям ба ман маслиҳат медиҳанд, ки дили шавҳарамро ёбам, вале ман чӣ кор карданамро намедонам. Дили мардро бо чӣ ва чӣ тавр гарм мекунанд?
Гулнигор, муштарии сомона
Аввалин коре, ки зан бояд баъди рафтани шавҳараш ба анҷом расонад, ин сабабҳои рафтани мард ва ҷангу ҷанҷолро муайян кардан аст. Тамоми носозгориву нофаҳмиҳои то ин вақт дар байнатон рӯйдодаро дар варақи сафеде навишта, баъдан сари он андеша намоед. Вақте тамоми хатогиҳо маълум гаштанд, шумо роҳи ислоҳ намудани ғалатҳои худро меёбад ва шанси дубора баргардонидани шавҳаратонро ба даст меоред.
Маликаи орзуҳо шавед
Шавҳаратон тамоман шуморо суроғ намекарда бошад, ин маънои онро дорад, ки шумо ҳеҷ гоҳ якдигарро дӯст намедоштаед. Муҳаббат буд, вале мард дар сари қаҳру ғазаб дигар онро эҳсос намекунад ва ё ишқашро бо дасти худ куштан мехоҳад. Мисли соя аз паси мард давидан ва мудом сари роҳашро гирифта, гиряву нола кардан дар ин ҳолат чандон самарабахш нест, зеро мард гумон мекунад, ки ба ғайр аз вай дигар ба касе даркор нестед. Тавре зиндагӣ намоед, ки шавҳаратон пушаймон шавад, ки чунин олиҳаро аз даст додааст. Фаромӯш накунед, эҳсосоти манфӣ саломатии инсонро коста ва қалбашро заиф мегардонад. Қабл аз ҳама худро ба даст гирифта ором шавед, баъд барои зиндагии беҳтару хубтар кӯшиш намоед.
Барқасдкорӣ накунед
Шавҳаратон ба зани дигар таваҷҷӯҳ зоҳир карда бошад, шумо низ барқасд бо аввалин марди пешомада ишқварзӣ накунед ва ҳаргиз ба касе, ки дилатон намехоҳад, ба шавҳар набароед. Шавҳаратонро дӯст медошта бошед, чароғаки ин муҳаббатро дар қалбатон фурӯзон нигоҳ доред. Кӣ медонад, шояд мардатон ягон рӯз нури ишқро мушоҳида намуда дубора бармегардад. Фаромӯш накунед, ки агар барқасди шавҳаратон марди дигарро ёбед, ҳардуятон бадбахт мешавед. Муҳаббат ва эгоизм ду чизи бо ҳамдигар номувофиқанд, касе, ки дӯст медорад, бояд аз худ гузар намояд. Муҳаббатро дар дилатон нигоҳ дошта, шумо беҳтарин ҳиссиёти инсониро аз нобудшавӣ эмин медоред.
Машғулияти аҷиб ёбед
Яъсу ноумедиро аз худ дур намоед. Беҳтарин воситаи нигоҳ доштани эҳсоси шодиву нишот машғулияти аҷоибу гуворо аст. Вақт ва фикру андешаҳои худро ба кори дӯстдоштаатон равона карда, шумо андешаҳои мағшушро аз ёд мебаред ва ғаму дарди дилатонро фаромӯш месозед. Кори дӯстдошта шуморо хушбахту муваффақтар мегардонад.
Дӯст доштанро фаромӯш накунед
Шавҳарам маро партофт гуфта, қобилияти дӯст доштанро аз даст надиҳед. Муҳаббати шумо нисбати шавҳаратон асил бошад, дар дили ҳардуятон ҷовидонӣ мемонад. Муҳаббатро, агар бо нафрату кина несту нобуд насозед, оташи он рӯз ба рӯз зиёдтар гашта, зиндагиатон ширину гуворо хоҳад гашт.
Аз ҳама муҳимаш, сарфи назар аз он ки шавҳаратон бар мегардад ё не, зиндагиро бо дили гарм давом диҳед, зеро одамони хушдил ва ба зиндагӣ хушбин аз худ нерӯ-энергияи хубе хориҷ менамоянд, ки дигаронро мисли магнит ба сӯйи худ ҷалб менамояд. Бо шодиву нишот ҳаётатонро идома диҳед, он гоҳ шавҳартон ё марди дигари арзандае пайдо шуда, шуморо ба маънии томаш садатманд месозанд.