Тобистон мавсими тӯйҳои арӯсиву домодӣ аст. Албатта ҳар як ҷавон мехоҳад тӯйи хонадоршавии хотирмон гузарад. Хоса духтарон тӯйи арӯсии пуршукӯҳро орзӯ мекунанд. Ба хотири кӯмак ба ҷавонон имрӯз мо 5 маслиҳати муфидро дар боби чи тавр пурнишот ва хотирмон гузаронидани тӯйи арӯсӣ манзури шумо месозем.
Маслиҳати 1
Танҳо бо ишқу муҳаббат оиладор шавед!
Тайёриро ба тӯйи арӯсиву домодӣ танҳо дар он ҳолат сар кардан лозим аст, ки шумо ҳамдигарро самимона дӯст доред. Ба панду насиҳати дигарон дар бораи он ки бе ишқу муҳаббат оиладор шуда, баъд дар рафти зиндагӣ зану шавҳар ҳамдигарро дӯст медоранд, бовар накунед. Зиндагӣ бозича нест ва як умр бо шахсе, ки дӯсташ намедорӣ ба як болин сар ниҳодан ба ҷуз ранҷу азоб дигар чизе намедиҳад. Вақте ки инсон якеро дӯст медорад, камбидиҳои ӯро намебинад ва бисёр чизҳоро бахшида метавонад, вале зану шавҳар ҳамдигарро дӯст надоранд, ҳар майда-чӯйда барои ҷангу ҷанҷол баҳона мешавад...
Маслиҳати 2
Тӯйи шумо бояд нотакрор бошад!
Анъанаҳои арӯсии мардуми тоҷик хеле зебо ва шақоваранд. Ба домоду арӯс асал чашондан, нишон додани оина, келинсалом аз ҳамин қабил анъанаҳо буда, анҷом доданашон лаззатбахш аст, вале дар баробари ин, шумо бояд идеяҳои нав ба навро фикр кунед, то ки тӯятон аз дигарон куллан фарқ карда, хотирмон ва пурнишот гузарад.
Маслиҳати 3
Меҳмони бисёр даъват накунед
Шарт нест, ки тамоми одамони мешинохтагиатонро ба тӯйи арӯсии худ даъват намоед. Ҳар қадаре, ки меҳмонон бисёр бошанд, ҳаомн андоза хароҷот зиёд мешавад ва шумо наметавонед орзуҳои худро амалӣ созед. Тӯй пеш аз ҳама барои келину домод ороста мешавад. Дӯстони наздики худро ба тӯй даъват намуда, маҳфили арӯсию домодатонро тавре гузаронед,ки як умр дар хотиратон нақш бандад.
Маслиҳати 4
Сенарияи тӯятонро пешакӣ омода созед
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки агар тӯй дар тарабхонаи машҳуре баргузор гардад ба қавли маъруф “зӯр” мегузарад, вале дар асл ин тавр нест. Барои пурнишот ва хотирмон гузаштани тӯй домоду арӯс бояд ба мисли коргардонҳои маъруфи синамо пешакӣ сенарияи маҳфили арӯсии худро омода созанд. Хаёлан тасаввур кунед, ки тӯйи шумо чи тавр мегузарад ва дар майнаатон тамоми идеяҳоро пазонда, баъд аз паси ҷустуҷӯи тарабхона шавед. Аз ӯҳдаи ин кор баромада натавонед, ба ширкатҳое, ки бо гузаронидани тӯйҳои арӯсӣ машғуланд, муроҷиат намоед.
Маслиҳати 5
Тӯй бояд пурнишот гузарад
Албатта даводави тӯй касро хаста месозад ва тамоми арӯсу домодҳо дар арафаи базм хеле асабонӣ мешаванд. Аммо асабоният набояд боиси дилгиркунанда гузаштани тӯйи домодию арӯсии шумо гардад. Ҳар қадар хаста набошед ҳам, қошу қавоқ нагиронед. Фаромӯш накунед, ки рӯзи тӯй чашми ҳамаи меҳмонҳо танҳо ба шоҳу арӯс дӯхта мешавад. Чеҳраи кушода ва лабони ба табассум моили навхонадорон ба меҳмонон шодиву нишоти хоса мебахшад. Хоҳед, ки тӯятон хотирмон гузарад, ҳамеша табассум карда ба мисли фаввора ба атрофиёнатон энергияи мусбатро ҳадя намоед. Боқӣ ба шумо хушбахтӣ хоҳонем!