Моҳӣ
Дар таркиби моҳӣ лизин-аминокислотаи пурзӯре вуҷуд дорад, ки бо таъсири зиддивирусияш паҳншавии инфексияҳоро пешгирӣ менамояд. Ҳамзамон лизин пӯсти бар асари сармову хунукӣ дағалгаштаро табобат мекунад ва боиси беҳтар гаштани хотираву рафъи хастагӣ мегардад. Агар аз табхоли лаб безор шуда бошед, бештар маҳсулоти баҳрӣ, чормағз, донаки каду, кунҷид, гулкарам, карами сафед, ҷаъфарӣ, настарани хушк (шиповник), ананас, лаблабу, сабзӣ, нахӯди сабз, сирпиёз, себ, лиму, йогурт, кефир, ҷурғот, қаймоқ, панир ва фалла истеъмол намоед. Тамоми маҳсулоти номбаршударо гарм карда, баъдан истеъмол намоед. Ҳар субҳу шом як истакон кефир ё ҷурғот истеъмол намоед.
Ҷигари гов ё мурғ
Ҷигар аз селен бой аст. Ин микроэлементи беназир масуниятро баланд бардошта, рехтани мӯй, шикастани нохунҳо, илтиҳоби пӯст ва асабониятро рафъ месозад. Бояд гуфт, ки пухтани ҷигар қоидаҳои худро дорад, барои он ки хӯроки омоданамудаи шумо воқеан фоиданок бошад, онро ин тавр омода созед: Ҷигарро ғафсияш 1-1,5 см реза карда, дар орд ҷӯлонед ва ба равғани тафсон андохта, аз ҳар ду тараф на бештар аз 1 дақиқа бирён кунед. Агар ҷигарро зиёд бирён кунед, моддаҳои муфидашро аз даст медиҳад.
Чормағз
Истеъмоли чормағз пажмурдагии пӯсти рӯй, ожангҳои мимикӣ ва рагчаҳои намоёнгаштаи пӯстро бартараф менамояд. Нафароне, ки бештар чормағз истеъмол мекунанд, кори дилу мағзи сарашон беҳтар ва рагҳои хунгардашон қавитар мегардад. Азбаски чормағз хеле серғизо ба шумор меравад, онро субҳгоҳон ё нимаи аввали рӯз истеъмол кардан лозим аст. Вояи рӯзонаи истеъмоли чормағз 4-6 дона аст, ҳафтае 3 маротиба ва агар имкон бошад, ҳамарӯза истеъмоли он аз манфиат холӣ нест.
Каду
Бо шарофати витамину минералҳои таркибаш каду мушкилоти хушкшавии пӯст, сурхшавӣ, аллергия аз сардӣ ва ранги коҳидаи пӯстро рафъ месозад. Бета-каротин ё витамини А-и таркиби каду чинҳои бармаҳалро пешгирӣ ва пӯстро аз беобшавӣ ҳифз менамояд. Дар қабатҳои дарунаи дилаи каду синки зиёд вуҷуд дорад, ки муҷиби ботароват гаштани пӯст ва рафъ гаштани сурхиҳои он мегардад.
Кадуро ин тавр истифода баред:
- Пӯсти кадуро хеле тунук бурида гиред.
2. Ба хӯрокҳои аз каду омодашуда як қатра равғани дилхоҳи растанӣ илова кунед.
3. Ҳангоми пухтани каду миқдори моддаҳои муфиди он 20–30% кам мегардад, аз ин рӯ, истеъмоли кадуи хом муфидтар аст.
4. Аз каду барои рӯй ниқобҳои ғизобахш омода кардан мумкин аст: 2-3 қошуқ дилаи пухтаи кадуро бо чангак хеле лат зада, чанд қатра равғани зайтун илова кунеду ба пӯсти рӯй молида, баъди 15-20 дақиқа бо оби ширгарм шуста, малҳами нармкунанда молед.
Гандуми нешзада
Агар дар фасли зимистон аксаран дучори руҳафтодагиву ноумедӣ шуда, аз ҳар кори майда чуйда асабонӣ шавед, ин нишонаи норасоии ҷавҳари фолиевӣ ё витамини В9 дар ҷисматон мебошад, ки онро аз таркиби гандуми нешзада дастрас кардан мумкин аст. Ҷавҳари фолиевӣ системаи асабро ором ва табъро болида месозад. Гандуми нешзадаро дар шакли хом ё ба шавлаву хӯриш, шӯрбову бутерброд 1 қошуқ илова кардан мумкин аст.