Имрўзҳо масъалаи пошхӯрии оилаҳо яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ин донишу маърифати кофӣ надоштани навхонадорон аст.
Агар ҷавонон, чӣ писар ва ё чӣ духтар маълумоти кофӣ дар бораи ҳикмати зиндагӣ ва вазифаи асосии падару модариро дошта бошанд, ин масъала то ҳадде ҳалли худро хоҳад ёфт. Зеро агар бо доштани маълумоти зарурӣ ё ҳадди ақал ибтидоӣ агар издивоҷ намоянд, оила ба пошхӯрӣ намеравад. Аммо ҳанӯз ҳам баъзе аз падару модарон ба духтарони худ иҷозаи гирифтани таҳсили пурра ҳатто дар мактабҳои ибтидоиро намедиҳанд. Агар духтар бесавод бошад, аз ӯ магар фарзанди босавод интизор шудан мумкин аст? Мақоле дар байни мардуми Шарқ роиҷ аст, ки “вақте ки духтарро таълиму тарбия мекунед, шумо беихтиёр ба тарбия ва эъмори ҷомеа даст мезанед”.
Дар мазмуни ҳадиси Паёмбари ислом (с) омадааст: Ҳар яки шумо ба манзалати чӯпоне сарпарасти хонаводаи худ ҳастед. Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо. Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд.
Ёдовар мешавем, ки пошхӯрии оилаҳо чанд омил дорад:
1) Таҳаммулпазир набудани зану шавҳар, зеро дар ҳар як хонадон хоҳ нохоҳ камбудӣ ҷой дорад, аҷиб он аст зан ин камбудиро дар хонаи худашон таҳаммул мекунад, аммо дар хонаи шавҳар қабул намекунад. 2) Дахолати бастагони домод ё келин дар зиндагии ҷавонон, ки ин ҳам хатарнок аст.
3) Арақхўрӣ ё майзадагӣ ба давомоти оила таъсири манфии худро мегузорад.
4) Муҳоҷирати меҳнатӣ-ҳол он ки ин амал дар тамоми кишварҳо мушоҳида мешавад, аммо ҷои нигаронӣ дар он аст, ки баъзе ҷавонон баъди муҳоҷир шудан ҳамсар фарзандон ва ҳатто волидайни худро ба дасти фаромўшӣ месупоранд.
Тааҷҷуб он аст, ки оилаҳое хонавайрон мешаванд, ки бахташонро худашон меёбанд ва зиндагии якҷояи онҳо дер давом намекунад. Бояд ҳар як инсони солим ва оқил ба тақдири бахташ беэътиноӣ накунад.
Оила такягоҳи аслии низоми иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии ҷамъияти инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромиши тану рўҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Бинои оила, асоси бунёди ҳалқаҳо ва силсилаҳои ба ҳамдигар васлшавии ҷомеъаи инсонӣ барои башарияти будааст. Дар тўли таърих мақоми оила ба сифати пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳамаи дину мазҳабҳо чун падидаи ғайри тағйирёбанда ба шумор мерафтааст. Аз дидгоҳи шариати исломӣ, охирин дини тавҳид ва яккахудоӣ бошад, оила дар таҳқиқу рушд ва инкишофу тараққии ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим дошта, ислоҳи оила дар ислоҳи ҷомеа ва фасоди оила дар фасоди ҷомеа муассир ба ҳисоб меравад. Чун оила нахустин ҳалқаи силсилаи ҷомеаи башарист, бунёди ин ҳалқаи муҳими ҷомеаи башарӣ аз назари ҳикмати илоҳӣ, шариъати исломӣ ва мазҳаби роиҷи ҳанафӣ, ки мардуми тоҷик ба он пайрав ҳастанд, мебояд бо назардошти камоли масъулият дар бақодории он сурат гирад.
Ҳар яки мо бояд бидонем, ки асоси муносибатҳои оилавиро тарбияи шоистаи фарзандон ташкил медиҳад. Оила яке аз рукнҳои муҳими ҷомеаю давлат ва парваришгоҳи аслии насли башар маҳсуб мегардад. Арзишҳои анъанавии оилавӣ, меҳру муҳаббат, садоқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ агар таъмин нагардад, ҷомеа рӯ ба таназзул мениҳад. Дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.