«Ду сол боз оиладор ҳастам. Муносибатҳоямон беҳтарин буд, вале вақтҳои охир занам аз ман дурӣ меҷӯяд. Гумон кардам, ки эркагӣ мекунад, тӯҳфаҳои зебо тақдим кардамаш. Ӯ муваққатан нозуку пурҳарорат мешаваду баъдан ҳамааш боз аз нав сар мешавад. Чӣ кор карданамро намедонам» - чунин аст мӯҳтавои номаи марди афсӯсхӯрдае.
- Саркашӣ аз наздикшавии маҳрамона - шакли маъмӯли шантаж аст, -мегӯянд, мутахассисони соҳа. Баъзан ин усулро ҳангоми саркашӣ намудани мард аз оиладоршавӣ истифода мебаранд. Бонувоне низ ҳастанд, ки бо ҳамин роҳ моҳирона ҷилави шавҳарони худро ба даст мегарданду фоидаи моддӣ меёбанд. Зани ҳиллагар воситаҳое зиёде меёбаду аз муҳаббати шавҳар истифода мебарад.
Аслан чунин занҳо хислату хӯйи муайян доранд. Вале мард бояд ба таҳдид дода нашавад ва бонуи ҳиллагарро шиносад.
Бонуи ҳиллагари навъи якум
Аслан ин бонуест, ки аз ишқбозӣ лаззате намебардорад сард асту дили бераҳм дорад ва аз даврони ҷавонӣ чи хостанашро аз зиндагӣ медонад. Шавҳарро ин бону аз рӯи дороияш ё мансаби баландаш интихоб менамояд. Пул ва шӯҳрат зану шавҳарро ба як қулла мебардоранд. Чунин бонувон моҳирона хоҳиши ишқбозиро дар мард бедор месозанд. Ҳарчанд худашон заррае майли ишқбозӣ надошта бошанд ҳам, сир бой намедиҳанд.
Бонуи ҳиллагари навъи дуюм
Ин бону ниҳоят инҷиқ аст. Кам касоне ҳастанд, ки ба баҳонаҷӯиҳои зани қошу қавоқашро овезонкарда, ки аз хастагиву дарди сар шикоят мекунад, дучор нашуда бошанд. Шавҳари содадил як рӯз нигарон мешаваду ду рӯз, се рӯз… мутаассифона, хастагии зан ҳеҷ намегузарад. Ин шакли пинҳонии гурехтан аз ҳаёти маҳрамонаи занушавҳарӣ аст. Зани боақл хеле хуб медонад, ки бе ягон сабаби ҷиддӣ дурудароз аз шавҳар рӯ гардонидан хатарнок аст-мард метавонад маъшуқа пайдо кунад, бинобар ин, баҳонаи боварибахш меҷӯяд, то ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.
Рӯзе мерасаду хоҳиши ни ҳонии зан рӯ мезанад. Масалан, зан инҷиқӣ карда мегӯяд: «Зимистон шуду ман пустин надорам…». Ҳамин ки мард барои пустин пул дод, дарҳол зан мулоим шуда, ба бағали шавҳараш медарояд. Чанд муддат онҳо Лайливу Маҷнун мешаванду баъдан боз сар мешавад. Ҳамин тавр зани инҷиқ мурувати шавҳарро ба хости худ тоб медиҳад.
Бонуи ҳиллагари навъи сеюм
Ин навъи бонувон беору беномусанд. Худро нороҳат вонамуд сохта, пул талаб мекунанд.
Бонуи ҳиллагари навъи чорум
Меҳрубонии чунин зан бо хурӯҷи ногаҳонии бемеҳршавӣ, бепарвоӣ ва ҳатто бахашмоӣ иваз мешавад. Ҳарчанд барои чунин тағйиротҳои табъи зан ягон баҳона ё сабабе мавҷуд нест. Шавҳар чизеро намефаҳмад ва дар охир худро гунаҳкор шуморида, мехоҳад гуноҳи худро бо пулу тӯҳфаҳо шӯяд. Агар шавҳар чизеро фаҳмидан нахоста, дурӣ ҷӯяд, он гоҳ ин бонуи асабӣ зуд рафторашро тағйир медиҳад:
Орому мулоим мешавад. Вале ҳамин ки шавҳар ба домаш афтид, боз ҳамон рафторашро такрор менамояд. Ҳамин тавр ин зан мехоҳад аз шавҳараш пулу изҳори муҳаббатро кашида гирад. Аксаран шавҳарони чунин бонувон зани дигар ме- ёбанд. Бо чунин бонувон сӯҳбат намудан ниҳоят душвор аст. Ва агар онҳо тавба кунанд ҳам, ин мувақатӣ аст.