Аслан маълум нест, ки Ричард Скотт то кадом андоза арғунчаксавориро дӯст медорад, вале маҳз бо шарофати арғунчак тавонист рекорди ҷаҳонӣ ба даст орад.
Сокини Кинросса (Англия) ба клуби крикетбозони «Loch Leven’s Larder» шомил гардида, дар арғунчакҳои онҳо 36 соат савор шуда, рекорди пешинаро, ки 34 соатро дар бар мегирифт, бекор намуд. Баъд аз сипарӣ шудани ҳар як соат Ричарди 51-сола танаффуси 5-дақиқагӣ мекард ва танҳо нимашаб барои каме хоб рафтан аз арғунчак берун мешуд.
Ричард иқрор шудааст, ки баъди анҷом додани чунин дастовард худро хуб ҳис мекунад, танҳо пойҳояш каме дард мекунанду халос.