Маҳҷабин сарашро, ки аз шиддати гиряи зиёд сахт дард мекард, аз болишт бардошту чароғро равшан кард, ду рӯз боз ғайри чанд қулт об чизе ба даҳан набурдааст.
Сусту бемадор, дар ҳолати дипрессиёи сахт қарор дорад, ҷавонзан гумон дорад, ки ин ҳама даҳшате, ки мебинад, дар хоб аст, аммо…
Издивоҷ бидуни ишқ
Маҳҷабин синфи ҳашт мехонд, ки ишқ даричаи қалби пурорзуяшро ангушт зад, вале зиндагӣ қонунҳои нонавиштаи худро дорад. Дӯстдоштаи ӯ Ҳақназар, ки аз оилаи камбағале буд, дигареро дӯст медошт. Духтарак аз ин ҳама дарун- дарун месухт, вале таҳаммул мекард. Меҳрубониҳои ҷавони дӯстдоштаашро ба Марями сиёҳаки пачақ дида, аз алам зуд он ҷоро тарк мекарду рост хона омада, дарро аз дарун мебасту мегирист. Касе аз дарди дили ӯ бохабар набуд, танҳо модараш парешониҳои духтарашро дида, насиҳаташ мекард, аммо намедонист, ки сабаб дар куҷост. Ҳақназар аз ишқи ӯ умуман хабар надошт, Маҳҷабин ҳайрон мешуд, ки чаро ҷавон нигоҳҳои ошиқонаи ӯ, як духтари болобаланди сафедандоми зеборо надида, Марямчаи пастаки сиёҳакро ин қадар эрка мекунад?!
Рӯзҳо паси сар шуданду Маҳҷабин мактабро хатм намуд, дар оилаи онҳо ду духтару чор писар ба воя расиданд. Ҳама пайи ҳам оиладор шуда, апаашро ҳамсояписар ба занӣ гирифт, акаҳояш низ оиладор шуда, як -як порисаи падариро тарк намуданд. Бародари калонияш бо зану фарзандон бо падару модараш мезистанд, Маҳҷабин мехост ба коллеҷи тиббӣ дохил шавад, вале бародару падараш қатъиян зидди хонданаш баромаданду ӯро фотеҳа карданд. Духтарак хостгорони зиёде дошт, вале падараш хостгории як рафиқашро пазируфт ва Маҳҷабини нозанинро дар ҳамсоядеҳа ба шавҳар доданд. Маҳҷабин шавҳаршавандаашро умуман намешинохт, ишқи Ҳақназарро бошад, ба зӯр дар дилаш кушту ба хонаи бахташ қадам ниҳод…
Домоди карахт
Сафар ҷавонмарди болобаланди зебо ва писари кенҷагии оилаашон буд. Ду бародараш зан гирифта, рӯзгорашонро ҷудо карда буданд, се апааш низ шавҳар карда, ҳар кадоме аз пайи зиндагии хеш буданд, Маҳҷабин дар ҳавлии зебову боҳашамати хусуру хушдоман бо онҳо мезист. Шавҳараш ба Русия рафта меомад ва он ҷо ҷойи кори хубе дошт, гӯё камбудие надоштанд, аммо Сафар хеле карахт буд, ӯ ҳатто як ҳарфи меҳрубониро аз ҳамсараш дареғ медошт. Маҳҷабин гумон мекард, ки шавҳараш ӯро дӯст намедорад ва дилаш хун мешуд.
Зиндагии Маҳҷабину Сафар як зиндагии маъмулии оилаи анъанавии тоҷик буд, онҳо дар тӯли шонздаҳ соли зиндагӣ соҳиби се фарзанд шуданд. Хусуру хушдоманаш ба келинашон коре надоштанд, Маҳҷабин низ хизмати онҳоро мекард. Аслан падару модари Сафар он қадар барҷомондаву ба хизмати касе муҳтоҷ набуданд. Холаи Меҳрӣ баробари келинаш меҷунбиду дар тарбияи фарзандон ба ӯ ёрӣ мерасонд. Амаки Адҳам низ ҳамеша банди кори замину боғу роғ буд. Сафар падару модарашро ба зиёрати Хонаи Худо равон карда буду ҳар ду ҳоҷӣ буданд ва фориғ аз ташвишҳои рӯзгор ба тоату ибодат машғул мешуданд. Сафар тамоми пули ёфтаашро ба ватан мефиристод, падараш онро сарфи рӯзгор намуда, боз ҷамъ мекард. Онҳо соҳиби мошину пулу молу чорво, хулоса зиндагии шоистае доштанд. Бо мурури замон Маҳҷабин пеши шавҳараш шарт монд, ки барои ӯ пули ҷудогона фиристонад, зеро духтараш калон шудаасту барои вай ҳар гуна чизҳо харидан лозим. Ҳарчанд хусураш ба вай барои харидани либосу палос пул медод, вале Сафар пинҳонӣ аз волидайн ба ҳамсараш пул мефиристод. Ана ҳамин пул ва соҳиби телефони қиматбаҳо шудан Маҳҷабинро вайрон кард…
Давом дорад