Formula novemver 2024
3 СОЛИ ПУРАЗОБИ МИҶГОНА ДАР ҒАРИБӢ
4339
3 СОЛИ ПУРАЗОБИ МИҶГОНА ДАР ҒАРИБӢ

Миҷгона Раҳимова зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёде кашидааст. Майзадагии шавҳар, андешаи тақдири ояндаи чаҳор фарзанди нимсеру нимгуруснааш ва азоби бехонагию дар ба дарӣ ин зани тоҷикро маҷбур намуд, ки кӯдаконашро дар тарбияи падару модари пираш гузошта, рӯ ба муҳоҷират оварад.

Миҷгона орзу дошт, ки дар Русия кор карда, бо меҳнати ҳалоли худ хоначае месозад ва фарзандонашро аз дари мардум ҷамъ мекунад, аммо муддати 2-сол дар як корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ кор карда бошад ҳам, музди меҳнаташро надода, ин зани муҳоҷирро ба қавли маъруф "кидат" кардаанд. Миҷгона Раҳимова намедонист сарашро ба куҷо занад ва аз кӣ мадад пурсад?
 "Болои сӯхта намакоб"- гуфтагӣ барин ӯ аз ошёнаи дуюм афтида, сахт захмӣ шуд. Дар мулки ғурбат бе пул ва бе такягоҳ монда, ин зани тоҷик азобу ранҷҳои зиёде кашидааст...

Дар подкаст-барномаи мо Миҷгона Раҳимова заҷри дар муҳоҷират кашидаашро қисса карда, аз касоне, ки барои ба Ватан баргардонидани ӯ хизмат намуданд, изҳори миннатдорӣ менамояд...




Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД