Ман Фотима, сокини шаҳри Душанбе ва модари 3 фарзанд мебошам. Ду кӯдакам якбора ба шикамрав гирифтор шудаанд. Ду-се ҳафта пеш шамол кашида, сӯзандорӯ гирифта буданд, аз ҳамин сабаб шавҳарам “антибиотики бисёр ба кӯдак зарар дорад, шарт нест, ки барои шикамрав кӯдакро боз ба духтур барӣ. Модарам моро дар кӯдакӣ бо давоҳои халқӣ табобат мекарданд. Ту ҳам зан ҳастӣ, ягон усули таббаи халқиашро ёб” мегӯяд,вале ман дар бораи давоҳои халқӣ чизе намедонам. Илтимос,дар бораи роҳҳои табобати халқии шикамрав каме маълумот диҳед!
Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷаллоӣ
Шавҳаратон рост мегӯяд, дар ҳақиқат антибиотики бисёр ба кӯдакон зарар карда метавонад. Ман ба шумо чанд роҳи осони табобати ин бемориро мефаҳмонам. Чандин маризон аз ин давоҳо истифода бурда аз шикамрав ба осонӣ халос шудаанд ва ман боварии комил дорам, ки ба фарзандони шумо низ ёрӣ мерасонанд.
Нусхаи аввал
Дар рӯзҳои аввали сар шудани шикамрав, агар ба як қошуқча шири навдӯшида 1-2 қатра йод чаконда ба кӯдак диҳед, исҳол фавран манъ мешавад.
Нусхаи дигар
Пӯсти дарахти булут, ки дар дорухонаҳои шаҳрамон бо номи “Кора дуба” фаровон аст, дар мубориза бо дарунрав беҳтарин яроқ ба шумор меравад. Пӯсти булутро ҷӯшонда ба кӯдаки бемор 1-2 қошуқӣ нӯшонед ва ҳуқна, яъне клизма кунед. Ин амалро 2-3 рӯз давом диҳед, шикамрав пурра манъ мешавад.
Нусхаи сеюм
Пӯсти як дона анорро каме майда карда дар зарфе андозанд ва аз болояш як литр об рехта, муддати 20 дақиқа ҷӯшонанд, давои хубе барои манъ кардани исҳол хоҳад гашт, хоса, агар дарунрав бо сабаби зиёд қабул кардани антибиотикҳо ба вуҷуд омада ё луоб, яъне парда дошта бошад. Ба касе, ки ба дарунрав гирифтор аст, ин моеъро дар давоми рӯз кам-кам нӯшондан лозим аст.