Асрори чӣ гуна ба мард писанд омаданро ҳар як бону донистан мехоҳад. Ин кор ҳам оддӣ асту ҳам душвор. Инак, мо тамоми роҳҳои ба мард маъқул шудану диққаташро ҷалб намудан ва дилашро ба ларза оварданро ба шумо фош месозем.
Барои фаҳмидани он ки ба мард маъқул шудаед ё не, пеш аз ҳама бояд забони ишораҳоро омӯзед. Вақте зан ба мард писанд меояд, ӯ галстукашро дуруст карда, мӯяшро бо даст ба тартиб меорад.
Рафту ба дили мард роҳ ёфтан хоҳед, чунин амал намоед:
1)Нигоҳи ҷаззоб ва лабони ба табассум моили шумо бояд ба мард фаҳмонанд, ки ба шумо маъқул шудааст. Тарҳи рӯяшон бояд хуб будани корҳоятонро таҷассум созад.
2)Бо садои начандон баланд ва нозукона гап занед. Дар бораи ҳаёти шахсиятон гап назанед, вагарна мардро хаста месозед. Шумо бояд барои мард ҳамсӯҳбати аҷибу дилкаш бошед.
3)Пайваста ба мард хушгӯйӣ кунед, мардҳо низ мисли занҳо шунидани хушгӯиҳоро дӯст медоранд. Таърифу тавсифи шумо бояд хеле нозукона бошанд, чунки мардҳо комплиментро ҳамчун факт қабул мекунанд. Гуфтаҳоятон воқеият надошта бошанд, мард ба самимӣ буданатон шубҳа мекунад.
Дар зиндагӣ ба касе ниёз надоштанатонро ба мард нишон диҳед. Тавре вонамуд созед, ки рӯзгори осуда дореду умуман ҳавои шӯкуниро дар сар надоред. Мард бояд дили занро ба даст орад, на баръакс. Дар ин сурат, баъди издивоҷ мард даъво карда наметавонад, ки издивоҷаш бо шумо маҷбурӣ буд.