Занҳо табиатан худпараст мешаванд, ҳарчанд аксари бонувон инро ба гардан намегиранд, вале дар қаъри дилаш ҳар як зан мехоҳад, ки барои марди худ ягона ва беҳтарин бошад, то чашми мард ба ғайр аз ӯ дигар ягон касро набинад. Агар шумо ҳам чунин орзу доред, пас бояд ҳатман ба се қоидаи тиллоӣ риоя намоед.
Қоидаи 1
Ҳамеша зебою дилкаш бошед!
Албатта, шавҳаратон шуморо ҷаззоб меҳисобад ва шояд маҳз барои ҳамин бо шумо издивоҷ кардааст, вале ин маънои онро надорад, ки баъди никоҳ дигар ба худатон аҳамият надиҳед. Фаромӯш накунед, ки мард б чашмаш дӯст медраду зан бо гӯшҳояш. Барои он ки диди мард аз шумо хунук нашавад, бяд ба худатон аҳамият дода, ҳамеша дилкаш ва тозаву озода бошед. Албатта мо бо ин ишораҳо гуфтанӣ нестем, ки шумо бояд мисли ситораҳои синамо либос пӯшед ё ҳатман миҷгони сунъӣ часпонда бо роҳи ҷарроҳии пластикӣ чеҳраатонро дигар кунед. Кофист, ки сару либосатон тозаву озода ва мӯятон шоназадаву нохуни дасту пойҳоятон ба тартиб дароварда шуда бошад. Имконияти хариди атрҳои қиматбаҳоро надошта бошед, ақаллан аз дезодорант истифода баред, то баданатон арақ карда, бӯйи нохуш набарорад. Дар хотир доред- агар шумо ба худатон маъқул бошед, ба дигарон ҳам писанд меоед.
Қоидаи 2
Ҳаёти худро дошта бошед!
Аксари бонувони тоҷик баъди издивоҷ шавҳарро дар мадди аввал гузошта, аз тамоми чизҳое, ки барояшон шавқовар буд, ба пуррагӣ даст мекашанд. Бархе аз баҳри карьера мегузарад, дигарӣ дӯстону дугонаҳояшро аз ёд мебарорад, саввумӣ мҳҳо ба хонаи волидонаш намеравад, то ки зиндагиашро орому осуда гузарад. Албатта зан бояд шавҳарашро эҳтиром намояд, вале аз баҳри ҳаёти худ гузаштан кори оқилона нест. Бубахшед, вале зане, ки мисли кана ба мард часпида, тамоми оламро фаромӯш месозад, барои мард ҳамеша ҷолиб монда наметавонад. Вақте ки зан ба шавҳар аз ҳад зиёд таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба хотири ӯ ҳама чизро қурбон месозад, мард гумон мекунад, ки ин зан ба ғайр аз вай дигар ба ягон кас даркор нест. Барои он ки чунин ҳолат ба миён омада шумо дар назари шавҳаратон қадру қимати худро гум накунед, бояд ҳаёти шахсии худро низ дошта бошед. Метавонед ба курсҳои забономӯзӣ равед, ягон касбу ҳунар омӯзед, баъзан ҳамроҳи дугонаҳоятон ба театру кино ё ба хонаи хешу табор меҳмонӣ равед, то мард дарк намяд, ки ба ғайр аз вай боз чандин машғулияти дилхоҳ доред. Ин тарзи ҳаёт як бартарии дигар низ дорад-ҷаҳонбиниатон васеъ мешавад ва шумо метавонед дар бисёр мавзӯҳо ҳамроҳи шавҳаратон сӯҳбат карда рӯҳан ба ҳам наздиктар шавед.
Қоидаи 3
Шавҳаратонро ҳамеша дастгирӣ кунед!
Дар ҳама кор шавҳаратонро дастгирӣ намуда, ӯро нигоҳубин кунед. Шӯрбои дӯстдоштаашро пазед. Мабодо дастаи футболи писандидааш мағлуб шуд - ҳамдардӣ баён намоед. Бовар кунед, мард инро қадр хоҳад кард. Вақте ки сатили партовро бурда мепартояд, алаф дарав мекунад ё қуфли вайроншудаи дарро таъмир менамояд, ҳатман ба шавҳаратон раҳмат бигӯед. Ҳаргиз шавҳаратонро бо мардҳои дигар қиёс накунед. Дар хотир доред, ки дар паси ҳар як марди бузург ва қудратманд зани оқилае ҳаст, ки рӯҳан ӯро дастгирӣ мекунад! Шавҳари шумо ҳам ба дастгирӣ ниёз дорад. Агар шумо ӯро қадр кунед, ин марди оддӣ метавонад ба бисёр комёбиҳо ноил гардад.