Arzon march 2024
3 ҳодисаи хунин дар як рӯз
1664

Боз се хонаи тоҷик мотамсарой гашта, садои “во балам”-гӯии модарони ҷигарсӯхтаву дилреш синаи фалакро мешикофад!
Боз чанд зани тоҷик сиёҳбахту чанд тифли бегуноҳ аз меҳру муҳаббати падар бенасиб монда, гирифтори азоби сахту ҷонсӯзи ятимӣ гаштанд!
Боз се тобути пурормон рӯйи дӯши ёру дӯст ва хешу табори гирёну нолон сӯйи водиии хомӯшон рафт!
Боз се инсони бегуноҳ қурбон гаштанд-қурбони се фоҷиаи хунине, ки дар як рӯз ба вуқӯъ пайвастаанд...
Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар менависад, ҳодисаи аввал соатҳои 03-20-и шаби 30-сентябр дар шоҳроҳи Ваҳдат-Душанбе дар ҳудуди ҷамати деҳоти Гулистон сар зада, мошини “Хундай-старекс” ба “Дулан” бархӯрдааст. Ронандагон бар асари садама захмҳои зиёде бардошта, мусофири Старекс Гулчабек Гулчабекови 67-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ҳамагӣ 4 соат пас боз як ҳодисаи хунин дар шоҳроҳи “Б. Ғафуров-Овчиқаъла сар зада, тахминан соатҳои 7.30-и саҳар бо сабаби беэҳтиётиии ронандагон мошини “Опел-Астра” ба мошини тамғаи “”ДЕУ-Леганзе” бархӯрдааст. Ин садамаи сархӯр ҷони мусофири бегуноҳи Леганзе-Рустамҷон Отабоевро рабуд. Ин марди чилсола дар натиҷаи садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд ва табибон ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бахшида натавонистанд.
Садамаи сеюм нисфирӯзӣ, тахминан соати 14:30 рӯй дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Олим Сафаров вақти аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Бохтар ҳаракат карданаш дар ҳудуди ноҳияи Хуросон ду навраси велосипедсаворро, ки аз тарафи рост ба тарафи чапи роҳ мегузаштанд, пахш кардааст. Ноболиғ Сураҷ Юлдошеви 15-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, рафиқаш Зиёвиддин Мирзомиддинов бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон бурда шуд.
Тафтишот аз рӯйи ин се ҳодиса идома дорад ва гунаҳкорон албатта ҷазои худро мегиранд, вале магар захми модарони фарзандгумкарда, падарони қоматшикаста, занони бевамонда ва кӯдакони ба азоби ятимӣ гирифтор гашта бо ин таскин меёбад?
Магар одамони бегуноҳе, ки бар асари садамаҳои хунин аз ҷони ширини худ маҳрум гаштанд, дубора зинда мешаванд?! Ҳаргиз!
Пас ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузошта, ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтиёткор бошед, ронандагони азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД