Ҳамон рӯз шавҳарам аз кор дер омад. Ҳазору як гумон дарунамро мехӯрд. Назди ҳамон ойимчааш рафтааст гуфта, ҳунг - ҳунг мегиристам.
Ниҳоят шавҳарам даромада омад. Аввал писарамонро бӯса карду сипас наздам омада нишаст.
- Саломат канӣ?,- пурсид аз ман.- Ҳар дафъа бо як чеҳраи хандон пешвоз мегирифтӣ ё як барфро зер карда дигар шудӣ?,- афзуд ӯ.
- Аз шумо чунин умед надоштам. Дар ягон гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки ба ман хиёнат мекунед. Шунида будам, ки мардон булҳавас мешаванд. Аммо бовар надоштам. Худ ба худ мегуфтам, ки на ҳамаи мардон чунинанд. Хушҳол будам, хушбахт будам, ки ба шумо барин марди асил ба шавҳар баромадам. Вале афсӯс...
- Сайрам, ё ту бо дасти чап хестаӣ, ё таб дорӣ. Ман аз суханони ту чизе нафаҳмидам. Ту дар бораи кадом хиёнат гап мезанӣ? Ба ман ҳар гуна буҳтону туҳмат назан.
- Туҳмат? Буҳтон?,- писаханд зад Сайрам.
- Намедонам ба ту кӣ чӣ гуфтааст. Вале фаромӯш накун, ки ман ҳеҷ гоҳ ба ту, ба ишқи покамон хиёнат намекунам.
- Офарин ба шумо. Нақшатонро хеле олӣ мебозед. Чун ҳарвақта. Аммо ин навбат натавонитсед. Зеро дигар ба шумо эътимодам намонд. Ман ба сухани дигарон бовар намекунам. Он чизеро, ки дидам, ҳамонро мегӯям.
- Мана ин чист? Ба ин чӣ мегӯед?,- ангуштаринро ба шавҳараш ҳаво дода, гуфт Сайрам.
- Инро ту аз куҷо гирифтӣ?
- Ҳайрон шудед? Фикр кардед, ки фитнаву фиребатон ҳеҷ гоҳ ошкор намешавад? Хато кардед.
- Сайрам, гули ҳаётам, нури чашмам. Туӣ маънои зиндагиям. Бо омадани ту ба хонаам нуру сафо омад. Ин ангуштаринро ман барои ту гирифта будам.
- Барои ман? Ба кадом муносибат?
- Ба муносибати мавлуди накӯят.
- Ба пешонаам аҳмақ навиштааст-а? Бале, ман аҳмақам, ба суханҳои ширини шумо бовар кардам.
- Сайрам, агар хоҳӣ, қасам ҳам мехӯрам. Ин ангуштаринро ман ба ту гирифта будам.
- Ҳа ба ман гирифта будед. Барои ҳамин ҳам дохили ангуштарин Сайёра навиштаед.
- Кадом Сайёра?
- Кадом Сайёра?
- Ҳамон Сайёрае, ки ангуштарин мебурдед!
- Сайрам асабамро вайрон накун. Оҳиста-оҳиста косаи сабрам лабрез шуда истодааст. Дигар худамро дошта наметавонам. Ман ягон Сайёра пайёраро намешиносам ва ба ту хиёнат ҳам накардаам.
Бо вуҷуди он ки шавҳарам исрор меварзид, ки ба ман хиёнат накардааст. Вале ман бовар намекардам. Худаш ҳам ҳайрон буд, ки чаро дар ангуштарин Сайёра навишта шудааст. Охир номи завҷааш Сайрам... Ғайр аз ин шавҳарам ба тилофрӯш нагуфтааст, ки дохили ангуштарин номе нависад.
Хуллас ҳамон рӯз ҳар чизе, ки ба даҳонам омад, ба шавҳарам гуфтам. Аз худ бехуд будам. Хиёнати шавҳарамро таҳаммул карда натавонистам.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ