Formula novemver 2024
25 сол дар зиндони додар
2092

 

25 сол умри як ҷавони болиғ ва мустақил аст, дар 25 сол инсон ба рушду камолот мерасад, дар 25 сол як духтари наврас модар мешаваду соҳиби чанд фарзанд...

Аммо ҳоло гап дар бораи 25 соле меравад, ки дар тӯли он як зан, модар, духтар ва билохира Некбахти шӯрбахт дар миёни чор девори лоину шароити вазнину тоқатфарсо умри худро бо сахтиҳо пушти сар кардааст. Шояд волидони Некбахт ӯро барои хушбахту хуштолеъ шудан чунин номиданд, аммо бародари ҳамхунаш ӯро тамоми ин солҳо мисли як махлуқ дар зиндони хонааш нигоҳ медошт...

Хабарнигори телевизиони “Атр” аз сарнавишти пурмоҷарои Некбахт гузориш омода намуд, ки дар пайгирии он, зиндагӣ ва рӯзҳои сангини пушти сар кардаи як зани афғонро бароятон инъикос менамоем.

       Худро марди ғамхор нишон медод

Ходим Ҳусайн Ҳусайнӣ, раиси кӯчае, ки Некбахт дар онҷо зиндагӣ мекард, дар суҳбат чунин гуфт:

-Ман дар ҳамин кӯча таваллуд шуда, ба камол расидаам. Ин оила дар ҳавлии рӯ ба рӯи мо зиндагӣ мекунанд. Мо тасаввур карда наметавонистем, ки дар хонаи ҳамсояи мо зане дар зиндон қарор дорад. Таҳаммул намудани чунин кирдори ваҳшатнок хеле душвор аст. Аз марде, ки хоҳари худашро бандӣ кардаст, чунин бовар надоштем. Дар берун худро миёни ҳамсояҳо хеле фарди оромтабиату ғамхор нишон медод.

Фикр мекардем, Некбахт дар хонаи хоҳараш аст

Гул-оғо, вакили гузари Аҷвии шаҳри Кобул аст. Ӯ давоми 24 сол мешавад, ки дар ин минтақа вакил аст. Тавре номбурда дар суҳбати видеоӣ нақл кард, дар зарфи 24 соли вакил буданаш боре ҳам огаҳ нашуда буд, ки як зан бо чунин зулм зиндагӣ мекунад. Ҳамсояҳо фикр мекарданд, ки Некбахтро ба ватани худаш Шайх Алӣ, ки онҷо хоҳараш зиндагӣ мекунад, фиристода бошанд. Дар ҳавлии бародар, зани бародараш, холааш ва дигар пайвандонаш зиндагӣ мекарданд. Пушти дари оғил, дари хонаи ҳамин Некбахт буд, вале касе ҳис намекард, ки инҷо одам зиндагӣ мекунад. Фақат як сӯрохӣ барои хӯрок додан монда буданду халос. Билохира, бо мусоидати Гул-оғо ва кумаки нерӯҳои кашфии амнияти пулис, маълум гардид, ки ин зан дар шароити ниҳоят бад зиндагӣ мекунад.

На ҷои хоб дошту на ҷои ташноб

Хабарнигори телевизиони “Атр”-и кишвари Афғонистон, ки ин мавзӯъро пайгирӣ доштанд, ҳолатҳоеро дар навор нишон доданд, ки воқеан боварнокарданист. Аслан чунин мавзеи зиндагӣ ба хонаи истиқоматии як бонуе, ки дар асри 21 зиндагӣ дорад, ҳеҷ шабоҳате надошт. Тирезаи хона бо килёнкаи чандқабата маҳкам шуда, дар он сӯрохие барои даромадани як коса буду халос. Девори лоини фарсуда, хиштҳои кушодаю ҷо-ҷо андоваҳои солҳои зиёд зери борон мондаю кандашуда... Дари хона бо сим маҳкам ва пушташ чархҳои мошину дигар ашёҳои нолозим гузошта шуда буд. Некбахт на ҷои хоб дошту на ҷои ташноб кардан.

“Моро намегузошт, ки ба Некбахт наздик шавем, танҳо иҷозат доштем, ки аз сӯрохии зери девор барояш хӯрок диҳему халос. Некбахт тобистону зимистонашро дар он хона сипарӣ мекард. Бо сабаби бемории рӯҳӣ доштанаш шавҳарам ӯро аз чашми мардум дур карду дар ҳамин хона зиндонӣ намуд,- гуфтааст зани бародари Некбахт.

Некбахт дар ҳамонҷо мехӯрду ташнобу ахлот мекард, хӯроки зиёдатиашро ҳамонҷо мемонд. Хона на рӯшноии барқ дошту на гармӣ. Ҷои тановули ғизояш аз ташнобаш дар масофаи як метр камтар қарор дошт. Партовҳои 25-солаи иборат аз пасмондаи хӯрок, халта ва зарфҳои полиэтиленӣ теппаеро мемонд, ки шоҳиди ғаму дарди зани муштипари дар зиндони бародар танҳову бечорамонда гаштааст. 25 сол ба танҳоӣ, ба сардӣ, ба гармӣ, ба торикӣ умри ҷавонашро паси сар кардааст. Бо ин ҳама мушкилӣ Некбахтро баъди 25 сол зинда пайдо карданд.

Бераҳмии тасвирнашаванда

Хабарнигори барномаи мазкур мегӯяд:

Вақте бародар як луқма нон мехӯрд, хоҳараш ба ёдаш намеомад? Вақте сар мешӯст, хоҳараш ба ёдаш намеомад? Некбахт дар зимистон ва сардиҳои сахт чӣ гуна ба зиндагӣ мубориза бурд? Як нуқтаи дигар ин аст, ки чаро муддати 25 сол ягон хешу табор ба ин хона надаромаданд? Агар инсон заррае инсоф дошта бошад, ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки яке аз пайвандонаш дар чунин шароит як соат зиндагӣ кунад. Ин зиндон ба зиндон монанд нест, чунки шароити зиндон аз инҷо беҳтару хубтар аст. Ин косае, ки мебинед, дар ҳамон хӯрок мехӯрд. Ҳамин либосро 25 сол пушидаасту боре иваз накардааст. Қисмати рости сари зан мӯй надорад, нохунҳояш инкифош наёфтаанд.

Мулло Сахӣ, бародари Некбахт дар як мусоҳибаи кутоҳаш иқрор шудааст, ки муддати 25-сол Некбахтро бандӣ кардааст: “Ман хоҳарамро 25 сол дар хона маҳкам кардам. Аз ин кирдори худ пушаймонам. Медонам, ки ҳам Худо ва ҳам бандагонаш ба ман нафрат доранд”.

Некбахт ҳоло дар бахши ортопедии бемористон бистарӣ аст. Рӯзноманигор ба аҳволпурсии Некбахт рафту мусоҳибаеро анҷом дод:

-Хонум Некбахт, ҳоло вазъи саломатиатон чӣ хел аст?

-Шукр, хуб аст, дасту поям ҳаракат мекунанд.

-Аз бародар шикоят доред?

-Не, на бародар дораму на шикоят дорам.

-Туро бародарат 25 сол зиндонӣ кард, шикоят надорӣ?

-Не, шикоят надорам, зулм нашудаам.

-Ба кадом сабаб бародарат чунин кард? Чанд сол дар он хона будӣ?

-Чизе дар ёдам нест.

Вазъии руҳии Некбахт хеле бад буд

Вақте хонум Некбахтро ба беморхона оварданд, ҳолати равониаш хеле бад буд. Баръало эҳсос мешуд, ки аз чизе ҳарос дорад. Бо касе гап намезад, дасту пояш меларзид, дар қафаси синааш ҷафс буд. Давоми як ҳафта ҳолаташ рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Ҳамеша дастонашро тоза мекунад, ҳарчанд дастонаш пок аст, фикр мекунад, ки ҳоло ҳам даруни ифлосиҳо асту дастонашро аз олудагиҳо пок мекунад. Алҳол табибон оиди барқарор шудани вазъи саломатиаш чизе гуфта наметавонанд.

P.S.

Ин ҳодиса дар шаҳри Кобули Афғонистон рух додааст. Айни ҳол бародари Некбахтро мақомот дастгир карда, дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Омодасоз Маҳинаи Давлат

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД