Arzon march 2024
(#2)СИТОРАҲО ДАР ДАВРАИ ПАНДЕМИЯ ЧӢ ҲОЛ ДОРАНД?
1985

 Дар ин шабу рӯзе, ки тамоми ҷаҳон мубталои пандемияи Covid-19 гаштаааст, тамоми соҳаҳо зарари иқтисодиву молиявӣ дида истодаанд. Аҳли фарҳангу санъат, эҷодкорон ва махсусан, сарояндагон дар ин шабу рӯз чӣ ҳол дошта бошанд?!

Сомонаи “Оила” ба хотири бохабар шудан аз вазъи зиндагии ситораҳои эстрада дар шабу рӯзи пандемия бо баъзе аз ҳунармандон дар тамос шуда, аз ҳолу аҳволашон огоҳ шуд. Биёед, бубинем, ки коронавирус ба ҳаёти сарояндагони тоҷик то кадом андоза таъсир расонидааст? Дар ин шабу рӯз ҳунармандон аз кадом ҳисоб зиндагии худро пеш мебаранду чӣ мушкиливу дарди дил доранд?

ЗАФАР АБДУАЛЛИМОВ:
ДАР КАРАНТИН ПРОДЮСЕРИ ТЕЛЕВИЗИОН ШУДАМ!

- Дар ин шабу рӯз, ки баргузории тӯю маъракаҳо манъ карда шуданд, Шумо аз кадом ҳисоб зиндагӣ доред?
- Аз ҳисоби пулҳои пештар захиракардаам зиндагӣ дорам.

- Чӣ гуна худро аз сирояти коронавирус ҳифз намуда истодаед?
- Дар давраи пандемия ман ҳамчун дигар сокинон бештар дар хона будам, чунки дар аввали паҳншавии ин вирус, ҳанӯз замоне, ки дар Тоҷикистон карантини нарм эълон нашуда буду мардум озодона мегаштанд, ба бозор рафта, дар онҷо сироят шудам. Чанд муддат табобат гирифтам ва шукр, ки сиҳат шудам.

- Яъне шумо коронавирус шудед?
- Ҳамаи нишонаҳои ин вирус дар ман мушоҳида мешуд ва боварӣ дорам,ки ба коронавирус гирифтор будам. Мутаасифона, он ба аҳли оилаам ҳам таъсир кард ва узвҳои хонаводаам бемор шуданд. Хушбахтона, баъди табобат саломатии ҳамаамон барқарор шуд.

- Бемориятон чӣ қадар давом кард?
- Қариб як моҳ бемор будам ва айни ҳол, шукр хубам. Фақат нафастангӣ ва нафаҳмидани бӯй гоҳ - гоҳ азобам медиҳад.

- Дар куҷо ва аз кӣ сироят шудед?
- Бори оихирин бозор рафта будам. Ростӣ, намедонам, ки ин вирус дар он ҷо аз кӣ ба ман гузашт, зеро дар бозор тавре медонед одамони бисёр ҷамъ мешаванд.

- Мушкил нест дар хона нишастану аз саҳна дур будан?
- Албатта мушкил аст. Ҳунарманд бо саҳнаву мухлис зинда аст. Ман баъди як муддати дар хона будан барои кор ба “Телевизиони Баҳористон” рафтам ва ҳозир дар он ҷо продюсер шуда кор мекунам.

- Ба хонандагони “Оила” дар ин давраи вазнин чӣ гуфтан мехоҳед?
- Аз ҳамаи мухлисон ва хонандагони “Оила” хоҳиш мекунам, ки аввал ба қоидаҳои гигенаи шахсӣ аҳмият диҳанд. Баъдан, бе зарурат ба берун набароянд. Агар ба ҷойҳои ҷамъиятӣ рафтанд, бо ниқобҳои тибӣ ва дастпӯшакҳои муҳофизатӣ худро ҳифз кунанд. Ин вирусро шухӣ нафаҳманд, чунки худам ба он гирифтор шудам ва медонам, ки дардаш ниҳоят сахт аст. Боқӣ худ ва наздиконатонро эҳтиёт намоед!

 (Сӯҳбати моро дар мавзӯи мазкур фардо соати 9 бо чеҳраи машҳури Инстаграм Сабринаи Назрӣ интизор бошед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД