goodwell
15 дона гелосро 3,5 ҳазор доллар фурӯхтанд
26.09.2026
Oila.tj
62

Дар музоядае дар шаҳри Хатинохэи Ҷопон як қуттии 15-донагии гелоси навъи олӣ ба маблағи 500 ҳазор йен, яъне беш аз 3,5 ҳазор доллар фурӯхта шудааст. Ин баландтарин нарх дар таърихи чунин музоядаҳо ба шумор меравад.

Гелоси гаронбаҳо бо андозаи калон ва шакли хоси дилмонандаш фарқ мекунад. Пеш аз ба музояда баровардан, ҳар як дона бодиққат интихоб мешавад. Ба қуттӣ танҳо гелосҳое роҳ меёбанд, ки ба талаботи баланд аз рӯйи андоза, шакл, ранг ва бӯй ҷавобгӯ бошанд.

Имсол унвони гаронбаҳотарин гелос ба навъи «Аомори Ҳартбит» дода шудааст. Соли гузашта бошад, ин мақомро гелоси навъи Juno Heart гирифта буд. Ин гуна гелосро бештар ҳамчун туҳфаи гаронбаҳо ва махсус мехаранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД