Дар ҳадисе омадааст: “Барои Худованд дар баъзе рӯзҳои замони шумо бахшиш ва атоҳост, пас ба онҳо рӯй оваред, зеро агар аз ҳамон атоҳо ва бахшишҳо ба яке аз шумо расад, ҳаргиз бадбахт намешавед”.
Яке аз бузургтарини неъматҳои Худованд барои бандагонаш неъмати рӯза доштани моҳи мубораки Рамазон аст. Дар ҳадиси Паёмбари Худо (с) омадааст: “Моҳи Рамазон моҳест, ки аҳли ҷоҳилият онро бузург мешумориданд. Вақте, ки Ислом омад, мақому манзалати онро боз ҳам афзунтар намуд”. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 фазилати моҳи шарифи рамазон маълумот медиҳем.
1. Дар моҳи Рамазон Худованд муслиминро бар болои душманҳояшон нусрат дод, амсоли ғазваи Бадр, ғазваи фатҳи Макка, ғазваи Табук ва ғайра.
2. Дар моҳи Рамазон дарҳои ҷаннат кушодаву дарҳои дӯзах баста ва шайтонҳо дар занҷир кашида мешаванд.
3. Аввали моҳи Рамазон раҳмат, мобайнаш мағфират ва охираш озод шудани муъминон аз оташи дӯзах аст.
4. Китобҳои осмонӣ дар ҳамин моҳ нозил шудаанд. Худованд дар аввалин шаби моҳи рамазон саҳифаҳои наҷотбахши худро барои Иброҳим (а), дар шаби шашум Тавротро ба Мӯсо (а), дар шаби сездаҳум Инҷилро ба Исо (а) ва дар шаби Қадр Фурқонро бар Муҳаммад (с) нозил намудааст.
5. Рамазон боз аз он нигоҳ моҳи муборак аст, ки дар он шаби Қадр вуҷуд дорад. Шабе, ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст.
6. Рамазон моҳи пок шудан аз сифоти нописандида аст, зеро рӯза нафси инсонро бар покӣ одат медиҳад ва қалбро аз васвасаҳои шайтонӣ тоза эмин медорад. Дар ҳадиси Расули Худо (с) омадааст: “Рӯза нигаҳдоранда аз гуноҳон аст, модоме, ки онро насӯзонанд”. Шахсе пурсид: “Ба чӣ онро месӯзонанд, эй Паёмбари Худо (с)?”. Гуфт: “Онро ба дурӯғу ғайбат месӯзонанд”
7. Рӯза доштани моҳи Рамазон илова бар он машаққате, ки дар он вуҷуд дорад, ба инсон одоби амал низ меомӯзад. Аз ҳазрати Юсуф (а) пурсиданд: “Барои чӣ бар гуруснагӣ сабр мекунӣ, ҳол он ки хазинаҳои Миср ба ту дода шудааст?”. Юсуф (а) гуфт: “Метарсам, ки сер шаваму гуруснагонро фаромӯш кунам”.
8. Вақте ки рӯзаи моҳи Рамазон фурсате барои таҳзиби ахлоқу касби одоб бошад, пас ба сабр ниёз дорад, зеро сабр ҳам дар ҳаёти мардум ва ҳам пас аз марг фоидаҳои бисёр дорад.
9. Аз ҷумлаи манфиатҳои рӯза дар ҳаёти мардум ин аст, ки Паёмбари Худо (с) онҳоро башорат додааст, ки дуои онҳо рад намешавад. Дар ҳадис омадааст: “Дуои се гурӯҳ рад карда намешавад: дуои рӯзадор, ҳоҷӣ ва мазлум.” Дар ҳадиси дигар омадааст: “Бӯи даҳони рӯзадор дар назди Худованд хушбӯйтар аз бӯи мушк аст”.
10. Худованд бо бандагони рӯзадораш фахр карда ба фариштагон мегуфтааст: “Ба бандагони муъмини ман назар кунед, ки бандаи ман таому шароб ва шаҳваташро барои ман тарк кардааст, шумо шоҳид бошед, ки ман гуноҳони онҳоро омӯрзидам”.
11. Рамазон барои соҳибаш дар рӯзи қиёмат шафоат мекунад. Дар ҳадисе омадааст: “Рӯза ва Қуръон барои инсон дар рӯзи қиёмат шафоат мекунанд, рӯза мегӯяд: “Эй Аллоҳ, ӯро аз хӯрдану ошомидан ва адои шаҳват дар рӯз манъ кардам”. Қуръон мегӯяд: “Эй Аллоҳ, ӯро аз хоби шаб манъ кардам”. Пас, Худованд шафоати ин дуро қабул мекунад”.
12. Манфиати рӯза баъди марг ин аст, ки Худованд барои рӯзадорон дари махсусе офаридааст, ки аз ҳамон дар ба ҷаннат дохил мешаванд. Дар ҳадис омадааст: “Дар ҷаннат дарест, ки “Райён” ном дорад, аз он дар фақат рӯзадорони моҳи Рамазон дохил мешаванд”.
13. Оқил шахсест, ки моҳи Рамазонро ба суханҳои хуб ва амалҳои солеҳ обод медорад. Худованд мегӯяд:“Ва он чиро аз амали нек, ки барои хештан мефиристед, назди Худо беҳтар ва ба эътибори музд бузургтар хоҳед ёфт. Аз Худо талаби омурзиш кунед, ба дурустӣ ки Худо Омурзандаву меҳрубон аст”. (Сураи “Муззаммил”, ояти 20).
Аз Худованд илтиҷо мекунем, ки ҳамаи моро барои анҷоми он амалҳое, ки дӯст медорад ва меписандад, муваффақ гардонад.