1) Се чизро ба шавҳаратон ҳеҷ гоҳ нишон надиҳед: ашк, ифлосӣ ва хислати худро.
2) То душвориҳои ҳақиқии ҳаётро аз қабили маргу мурда ва таъмири хона ҳамроҳ аз сар нагузаронед, мардро таърифу тавсиф накунед.
3) Кореро, ки аз уҳдааш намебароед, гумон накунед, ки мардатон онро иҷро карда метавонад. Аз имкон дур нест, ки шавҳаратон мисли занҳо ҳой-ҳой гиристанро аз ҳалли проблем авлотар медонад.
4) Шумо бояд лоақл аз ӯҳдаи пухтани як хӯрок ба дараҷаи олӣ бароед.
5) Баъзан мардҳо на мубошират, балки сар ба зонуи зан гузошта хобидан мехоҳанд.
6) Қабл аз кореро анҷом додан ба ин рафторатон чӣ гуна муносибат доштани шавҳаратонро андеша намоед.
7) Дар ҳузури дӯстони шавҳаратон маҳмадоногӣ карда, гумон накунед, ки ҳаваси онҳоро меоред. Бо ин рафторатон мардро занкалон нишон медиҳед.
8) Шавҳаратон кори нодурустеро анҷом диҳад, хомӯш истед, вале барои номардияш хомӯш намонед. Зиндагӣ бо шахсе, ки нисбаташ нафрат дорӣ, бадтар аз ҷаҳаннам аст.
9) Мард бояд чанд хоҳиши занашро дониста, барои хурсандии бонуяш онҳоро амалӣ намояд. Дар акси ҳол мард гумон мекунад, ки бо махлуқи сайёраи дигар зиндагӣ дорад.
10) Дар лаби болоиятон «мӯйлаб» дошта бошед, кушиш кунед, ки онро тез-тез чинед, чунки бо дидани мӯйлаби зан дили мард аз зиндагӣ хунук мешавад.