Албатта ҳар як инсон мехоҳад дар зиндагӣ хушбахт бошад, махсусан барои бонувон бахт аз ҳама ширин буда, бидуни саодати оилавӣ зан ҳеҷ гоҳ худро комилан хушбахт эҳсос нахоҳад кард. Бадбахтона, гоҳо худи мо бо сар задани андаке нофаҳмӣ дарҳол ба қавле оташ гирифта, хонаи бахтамонро бо дасти худамон вайрон месозему баъдан як умр ашки пушаймонӣ мерезем.
Барои он ки пойдевори оилаи шумо мустаҳкам бошад, чанд маслиҳати судмандро манзуратон месозем, ки барои расидан ба хушбахтии оилавӣ ба зан кӯмак мерасонанд.
1.Падид омадани рахна дар девори оиладорӣ бисёр вақт аз бесабрии занон оғоз меёбад. Расули Акрам дуруд бар равони покашон, дар ҳадисҳои қудсии хеш фармуда: «Худованд бо собирон аст» пас, дар шумули собирон бош. Дар ҳама ҳолатҳо сабр ба ту ёрмандӣ мекунад, беҳуда дар урфият нагуфтаанд: Аз сабр ғура ҳалво, аз бесабрӣ сад бало. Пас дар зиндагии хонаводагӣ сабӯр бош!
2. Барои як дағалии шавҳар ё як ҳарфи талхаш оташи хашматро фурўзон макун. Баъзан фурў бурдани ҳарфи талхи ҳамсар, оқибатҳои ширине дорад. Бовар намо, зани босабрро ҳама дўст медоранд.
3. Ягон падару модар бадбахтии фарзандро намехоҳад, аз маслиҳати онҳо истифода намо ва бубин, ки чӣ гуна рушд хоҳӣ кард.
4. Аз як эроди хушдоман фоҷиа насозу худатро қурбонӣ эҳсос макун, хушдоман низ модар аст ва мехоҳад бо писари ў зани беҳтарин зиндагӣ кунад. Хушдоман мехоҳад, ки тақдири набераҳояш дар дасти модари хуб бошад.
5. Фарзандонатро низ дар рўҳияи сабр тарбия намо ва оқибаташ хеле хуб хоҳад шуд.
6. Ҳеҷ гоҳ моҷарои байни худату шавҳаратро ба касе нақл макун, сабр дар ин маврид аз ҳолатҳои дигар дида заруртар аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Ба ҷанги зану шавҳар остонаи дар хандидааст».
7. Шавҳаратро дар назди волидонат сиёҳ накун, шумо баъди як муддат боз ба ҳам меҳрубон мешавед, вале волидайнатон касеро, ки духтари онҳоро «азоб» медиҳад, шояд набахшанд.
8. Ба бешу ками шавҳар ва хонадони эшон қаноат намо, қаноат инсонро инсон месозад.
9. Агар шавҳарат аз ту маоши камтар мегирад, инро ҳеҷ гоҳ ба вай таъна назан, зеро зиндагӣ гардишҳое дорад.
10 Аз камтари тўҳфаи шавҳар худатро хурсанд вонамуд намо, ҳарчанд писандат ҳам набошад, охир ў аз сари меҳр барои ту ин тўҳфаро харидааст.
Зани босабр ҳамеша дар ҳаёт бурд мекунад, мо инро аз таҷриба, дидаву шунидаҳо мегўем.