Ривоят мекунанд, ки Амр ибни Ҳаҷар, подшоҳи Кинда аз Умми Иёс духтари Авфи Шайбонӣ хостгорӣ кард. Чун шаби арусӣ фаро расид, модараш Амома бинти Ҳорис дар танҳоӣ ўро насиҳат карда, пояҳои зиндагии саодатманди якҷоя ва вазифаҳои ў нисбат ба шавҳарашро шарҳ дода гуфт: «Духтарам!
Агар насиҳат ба хотири риояти одоб тарк мешуд, онро ба хотири ту тарк мекардам, аммо насиҳат ёдовари инсони ғофил ва ёвари оқил аст. Агар зане пайдо мешуд, ки ба хотири сарватманд будани падару модараш ва ниёзи онҳо ба ў аз шавҳар бениёз шавад, ту аз ҳамаи занон бениёзтар будӣ, вале бояд бидонӣ, ки занон барои мардон ва мардон барои занон офарида шудаанд. Духтарам! Ту аз муҳите, ки дар он таваллуд шуда, ба воя расидаӣ, ҷудо мешавӣ ва кошонаеро, ки дар он бузург шудӣ, пушти сар мекунӣ ва ба ошёнае меравӣ, ки онро намешиносӣ ва ҳамнишине хоҳӣ дошт, ки ба он улфат нагирифтаӣ ва ў молик ва муроқиби ту хоҳад буд. Пас, барои ў каниз бош, то ў ҳам барои ту ғуломи фармонбардор бошад. Дар баробари ин даҳ хислатро ҳамеша ҳифз кун, то бароят дар зиндагӣ ба кор оянд ва саодатро бароят муҳайё созанд:
1) Бо қаноат бош!
2) Дар баробари ў таслим шав ва ба вай дил супор!
3) Аз ў фармонбардорӣ кун ва гўши шунаво дошта бош!
4) Мувозиби чашму бинии ў бош, то чашми ў бар зиштии ту наяфтад ва аз ту фақат бўйи хуш ба машомаш расад.
5) Мувозиби вақти хобаш бош.
6) Мувозиби ғизояш бош, чун гуруснагӣ пай дар пай ғазабро шўълавар мекунад ва аз хоб паридан хашмро бармеангезад.
7) Аз сарвату дороии ў нигаҳдорӣ кун!
8) Зердастону хонаводаашро мавриди лутфу инояти худ қарор бидеҳ, зеро маллоки амр дар мол ҳусни тақдир, ва дар хонавода ҳусни тадбир аст.
9) Аз дастури ў сарпечӣ ва асрори ўро фош макун, зеро агар бо ў мухолифат кунӣ, оташи хашм дар синааш барафрўзӣ ва агар асрори ўро фош кунӣ, аз хиёнату зулми ў эмин нахоҳӣ монд!
10) Аз хушҳолӣ назди ў, ҳангоме ки нороҳат аст ва ҳамчунин аз афсурдагӣ назди ў, ҳангоме ки хушҳол аст, парҳез кун!