arzon replenishment
10 чизи муҳим, ки модари оянда бояд донад
1198

Дар марҳилаи ҳомиладорӣ модарони оянда бояд барои таваллуди тифлакашон омодагӣ бигиранд. Модар бояд чиро бидонад?

Дар бораи кӯдаки навзод чиро бояд донист?

1. Наҷосати аввал, яке аз ҳолатҳои физеологии организм мебошад. Наҷосати аввали тифли навзод бӯй надорад ва сабзранги моил ба сиёҳӣ мебошад. Онро бо латачаҳои равгандор ба осонӣ пок кардан мумкин аст. Пас аз чанд рӯз он ғафс шуда, ҳангоми ширдиҳӣ рангаш сабз, хокистарӣ, хардал, зард ё хокистарӣ-сабз мешавад.

2. Кӯдаки навзод ҳар рӯз ахлот намекунад. Он метавонад, дар як рӯз ҳафт маротиба ё ҳафтае як маротиба хориҷ шавад. Агар вазни кӯдак зиёд шаваду уребчаро мунтазам тар кунад, нишондиҳандаҳои ишкишофёбӣ хуби тифл аст.

3. Дар рўзи дуюм ё сеюм пўсти кўдаки навзод мерезад. Ин ҳолат вокуниши муқаррарии бадан ба ҳавои хушк ва нишонаи мутобиқшавии пӯст ба ҳаёти берун аз батни модар мебошад.

4. Дар моҳи аввал кӯдак дар давоми рӯз ҳар як- ду соат шири модар хӯрдан мехоҳад. Шири модар ғизои зиёд надорад, аз ин рӯ, кӯдак зуд гурӯсна мешавад. Бо вуҷуди ин, дар ин синну сол набояд ғизои иловагӣ дода шавад.Вақте кӯдак то меъёри лозимиаш хӯрок мехӯрад, хоби ором дорад ва кори ҳозима низ муқаррарӣ мешавад.

5. Дар моҳҳои аввал шумо бо гиряи доимии кӯдак рӯ ба рӯ мешавед. Ин тааҷҷубовар нест, зеро гиря ягона воситаи муоширати кӯдак мебошад. Ба ин восита тифл кӯмак мехоҳад, гуруснагии худро баён месозад, уребчааш тар шудааст ва ба амсоли ин дигар ҳолатҳоро ба гиря мефаҳмонад ва бояд модар ба ин нуқтаҳо диқати махсус диҳад.

6. Кӯдак дар ҳафтаҳои аввали ҳаёт дурро дида наметавонад. Бояд ашёҳоро дар масофаи 20-30 сантиметр ва на бештар аз ду-чор сония гузошт.

7. Дар ду моҳи аввал кӯдак танҳо рангҳои сиёҳ ва сафедро фарқ мекунад. Аз рангҳои дурахшон истифода набаред. Кӯдак онҳоро фарқ карда наметавонад. Чизхои сиёху сафедро дар масофаи 20-30 сантиметр овезон кунед. Кӯдаки семоҳа ранги зард ва сурх, сипас кабуд ва сабзро фарқ мекунад.

8. Ҳар рӯз кӯдаки навзодро оббозӣ дорондан лозим нест. Бори аввал шумо метавонед кӯдаки худро танҳо пас аз пурра шифо ёфтани захми нофаш оббозӣ дароред. Аз ин баъд кӯдакро ҳафтае як ё ду бор шустушӯ кардан муфид аст.

9. На ҳама маҳсулоти косметикӣ ё маишӣ барои навзодон мувофиқ меояд. Кӯшиш кунед, ки барои тифли навзодатон малҳамҳои бидуни хушбӯӣ, консервантҳо, маззаҳо, фосфатҳо ва дигар маводҳои кимиёвӣ харидорӣ намоед.

10. Боқимондаҳои нофи кӯдакро кандан мумкин нест. Агар лозим бошад, аз антисептикҳои махсус истифода баред. Маҳлулҳои бе ранг истифода бурданро тавсия медиҳем.

Инро бояд донед!

Дар ҳама ҳолат тавсияи духтурони кӯдакона муҳим мебошад. Бе муоинаи духтур ба худмуолиҷа машғул нашавед ва ҳатто тавсияи дигаронро барои саломатии кӯдаконатон иҷро нанамоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД