arzon replenishment
10-баҳона барои зани дуюм гирифтани мард
5813

 Солҳои охир дузанагию сезанагӣ дар байни мардони тоҷик мӯд шудааст. Чаро мард аз навозиш ва оғӯши гарми як зан сер намешавад?

Инак, мо 11-баҳонаи мардонро барои гирифтани зани дуюм манзури шумо месозем, то бонувон ҳушёр шуда, муносибатҳои оилавиро на ҳамчун як чизи маъмулӣ, балки хеле ҷиддӣ қабул намоянд ва барои аз даст надодани бахти худ талош варзанд.

Синдроми шоҳзода

Донистани он ки мард дар дар чӣ гуна оила ба воя расидааст, хеле муҳим аст. Писарчаро дар хурдӣ паадару модараш эркаву азиз карда, тамоми нозу нузашро бардошта бошанд, кӯдак худро шахси воломақом эҳсос карда, дар руҳияи шоҳзодагӣ ба воя мерасад. Пас аз камол ёфтан чунин ҷавон занеро ҷӯё мешавад, ки пайваста ӯро таърифу тавсиф карда, нозу нузашро бардорад. Табиист, ки ягон зан як умр халтаи нозу нузи мардро бардошта наметавонад ва ҳамин ки ҳамсараш аз таърифу тавсиф кардани ӯ бозмонд, марди эркатулфор ба ҷустуҷӯи дилбаре мебарояд, ки «қадрашро донад».

Бачаи оча

Бачаҳои очадӯстдор ҳам ба дузанагӣ майл доранд, зеро модар писарро пайваста дар назди худ нигоҳ дошта, ба худ вобаста месозад. Ин тоифаи мардон ҳамсарашонро дӯст медоранд, вале на ҳамчун зан, балки мисли модар ва ҳамин ки «бачаи оча» чашми «модар»-ро хато кард, албатта ба духтарбозӣ мешитобад.

Бе масъулият аст

Мардоне ҳастанд, ки бисёрзаниро падидаи муқаррарӣ мепиндоранд, ҳатто вақте ки зани якум аз ҳодиса огаҳ мешавад, ин мард оромона мегӯяд: «Ман туро таъмин мекунам, шикамат сер, хона дорӣ, боз чӣ мехоҳӣ?» Ин тоифаи мардонро тағйир додан номумкин аст, зеро зан дар назари чунин мард қадру қимате надорад. Аслан аз зани чунин мард шудан як умр бе шавҳар гаштан беҳтар аст, вале бо амри тақдир ҳамсари чунин «шайх» гашта бошед, бояд ба тақдиратон тан диҳед.

Тавлиди фарзанд

Аксаран тавлиди фарзанд боиси он мегардад, ки зан минбаъд тамоми диққаташро ба тифлаш равона месозад. Албатта кӯдак ба нигоҳубин ниёз дорад, вале мард инро намефаҳмад, зеро вақте оиладор шуд, танҳо ӯро дӯст дошта, нисбаташ ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Маҳз бо ҳамин сабаб мард муносибати дигаргунаро қабул надорад. Вай гумон мекунад, ки дигар дӯсташ намедоранд ва ба занаш даркор нест.

Барои он ки ба касе «даркор» буданашро исбот намояд, марди ранҷида дар ҷустуҷӯи зани дигар мешавад. Зани дуюм, ки ҳанӯз кӯдак надорад, пайваста мардро бо хушгӯиҳо пешвоз мегирад, зани аввалаш бошад, мудом барои хонаю кӯдак ягон чиз талаб мекунад. Рафтори зани аввал боиси он мегардад, ки мард ба хонаи зани дуюм кӯчад.

Барои он ки аз рӯйи фарзанд бахтатонро аз даст надиҳед, ҳеҷ гоҳ мардро аз худу кӯдакатон бо ибораҳои: «аз ин ҷо рав, ту наметавонӣ, намефаҳмӣ, халал нарасон ва ғайра дур накунед, баръакс, кӯшиш намоед, ки ҳама корро якҷоя кунед. Ҳар қадаре, ки метавонед шавҳаратонро барои падари меҳрубон ва марди беҳтарин буданаш таърифу тавсиф кунед.

Гурез аз пирӣ

Аслан мард дар лаҳзаи бурҳони миёнасолӣ ба худаш исбот кардан мехоҳад, ки ҳанӯз ҳам «мард» аст. Аксаран буҳронӣ миёнасолӣ ба синни 40–45 солагӣ рост меояд. Дар ин ҳангом сатҳи тестостерон паст ва рағбати ҷинсӣ кам шуда, зане, ки ҳамроҳаш 20 сол сар дар як болин гузоштааст, дигар мардро чун пештара ба ваҷд оварда наметавонад. Мардон аз импотенсия бештар аз марг метарсанд. Маҳрум шудан аз қувваи мардӣ барои мард даҳшат аст. Аз ҳамин хотир аксари мардон зани ҷавон мегиранд, то ки боқувват будани худро ба занашон исбот намоянд.

Барои он ки шавҳаратон «мард» буданашро дар дигар ҷой исбот накунад, ҳамроҳаш ба истироҳатгоҳ равед. Кӯшиш намоед, ки диққати мардро ба корҳои муҳими мардона ҷалб созед. Хонаатонро таъмир кунед, ҷиҳози хонаро, сару либоси худро тағйир диҳед…

Вақте бистари мард сард аст

Норасоии мубошират яке аз сабабҳои асосии зани дуюм гирифтани мардон аст. Зан олиҳа бошад ҳам, агар зуд-зуд вақти ҳамхобагӣ худро касал вонамуд карда, аз оғӯши мард гурезад, ҳатман зане пайдо мешавад, ки оғӯши шавҳарашро гарм менамояд.

Шармгинии зан

Аксаран зану шавҳарон дар бораи масъалаҳои нозуки даруни ҷогаҳ аз шарм гап намезананд, ки ин хатои маҳз аст. Вақте табъатон хуш ва дар фазои оилаатон оромӣ ҳукмфармост, дар ин бора бо мардатон гуфтугӯ намоед. Чунин суҳбатҳо нофаҳмиву дилсардиҳоро бартараф месозанд.

Озодӣ мехоҳад

Мард озодияшро ниҳоят қадр мекунад. Ҳар қадаре зан ба шавҳараш фишор оварда, пайваста назорат намояд, ҳамон андоза мард аз ин дом раҳидан мехоҳад. Зан набояд ҳар як қадами мардро назорат намуда, ӯро аз дидори дӯстонаш маҳрум намояд. Дар акси ҳол мард барқасди занаш зани дигар мегирад.

Чашм-оинаи дил

Тавре ҳамагон медонем, мардон бештар бо чашмашон дӯст медоранд. Духтарони мо то давраи ба шавҳар баромаданашон ба либосу сару рӯяшон сахт диққат медиҳанд, вале ҳамин ки дар ангушташон ангуштарии никоҳӣ пайдо шуд, шавҳарро дар хона бо халати куҳна пешвоз гирифтан ба ҳукми анъана медарояд. Зан чунон беҳавсала мешавад, ки ҳатто мӯйи сарашро дар як ҳафта як бор шона мезанад. Албатта мард аз дидани чунин аҷуза лаззати эстетикӣ намебардорад. Вақте ба кӯча мебарояд, занҳои зебову дилраборо дида, орзу мекунад, ки ҳамсафари ҳаётияш ҳамин сон озодаву пероста бошад. Он гоҳ чӣ кор мекунад? Бале, зани дигар мегирад!

Мард малика меҷӯяд

Ҳеҷ гоҳ бо куртаи рангпаридаи пури доғ ба бистари хоб надароед. Зан бояд ҳамеша дар назари шавҳараш зебову озода бошад. Вақте шумо ҳангоми ба меҳмонӣ ё ҷойи кор рафтанатон орову торо мекунед, мард гумон мекунад, ки мақсадатон ба дигарон писанд омадан аст, на ба ӯ. Барои ҳамин зебоиро барои шавҳаратон кунед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД