Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати Мавзунахони 8 сола, ки дар пайи муноқишаи оилавӣ ҷарроҳат бардошта буд, ба шаҳри Хуҷанд рафт.
“Шоми 5-уми октябр вазири тандурустӣ бо рафти табобати марзи хурдакак ошно гашта, дар боби хизматрасониҳои тиббӣ ба ҷабрдида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод,”- менависад сомонаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Айни замон вазъи саломатии Мавзунахони 8-сола муътадил буда, зери назорати махсуси табибон қарор дорад.
Ҷамолиддин Абдуллозода бо Мавзунахони 8-сола сӯҳбат намуда, таъкид дошт, ки табобати ин духтарчаи хурдсол пурра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ройгон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки шаби 1 ба 2-и октябр дар рафти моҷарои оилавӣ устоди Донишкадаи кӯҳиву металлургии шаҳри Бӯстон, Мансур Мирзоахмедов бо корд ба аҳли хонавоааш ҳамла намуда, дар сари қаҳру ғазаб аввал духтари 11-солаашро ба ҳалокат расонида, сипас ҳамсар ва духтарчаи 8-солааш Мавзунахонро корд зада буд. Духтарча ва модараш ҷарроҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона таҳти табобат ва назорати табибон қарор доранд.