Зане, ки дар қатли як хонандаи синфи як дар пойтахт гумонбар дониста мешуд пас аз ҳашт рӯзи пайгириҳо боздошт шудааст.
Яке аз хешовандони кӯдаки кушташуда ба журналистон хабар дод, Муборак Абдураҳмоноваи 53-сола шоми гузашта боздошт шуд.
Тибқи гуфтаи манбаъ, гумонбар дар дачаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб боздошт шудааст.
"Ҳоло ки фасли истироҳат нест, ӯ дар яке аз дачаҳои беодам пинҳон шудааст, ки маъмурини пулис боздошт карданд. Ҳоло ӯ дар бозпурсӣ буда, пас аз ду-се рӯз барои нишондод додан мебаранд",-илова намуд ин хеши кӯдаки кушташуда.
Як манбаъ, аз Раёсати Вазорати корҳои дохила дар Душанеб бо таъйиди ин хабар ба сомонаи хабаргузории Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, Муборак Абдураҳмонова боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, парвандаи боздоштшударо прокуратура ҳоло пеш мебарад.
Қаблан Сухангӯи ВКД Нусратулло Маҳмадзода гуфта буд, ки ҳодисаи куштор ҳодисаи куштори писараки синфи 1-уми мактаби рақами 50- и пойтахт Аҳмадҷон Абдураҳмонов дар кӯчаи Олег Кошевойи Душанбе снаи 5 март рух додааст.
Ба гуфтаи шоҳиди қазия, ҳодиса рӯзи 5 март вақте рух дод, ки писарак аз мактаб бармегашт. Гумонбаршаванда бо роҳи фиреб Аҳмадҷонро ба манзилаш, ки дар ҳамсоягии хонаи хонаводаи марҳум қарор дорад, даъват кард ва бино бар наворҳои камераҳои мушоҳидавӣ баъди 10 дақиқа аз манзил берун ва нопадид шуд.
Баъди чанд соат ҷисми беҷони кӯдакро аз манзили зан пайдо карданд.