Oila Navruz
Зулми хушдоман
1744


-Ман барои ба ин кошона келин кардани ту 20 ҳазор сомонӣ ба очаҷонат қалин додаам. Даматро гиру хизмати моро кун!-Дод зад хушдоманаш ба сари келинчак.

-Холаҷон, камтар раҳм кунед, охир аз саҳар боз чизе ба даҳон набурдаам. Худатон медонед-ку одами дуҷон зуд-зуд гурусна мемонад ва бояд чизи дилаш хостагӣ хӯрад...

-Эй тирмизак, ту киро бераҳм мегӯӣ! Шукр кун, ки ман туро дар ин хона тоҷи сар карда гаштаам. “Ман ҳомиладорам” гуфта, пули писаракамро баҳудаву беҳуда нест мекунӣ, гӯё, ки танҳо ту фарзанд ба дунё меоварда бошӣ.

Мо ҳам дар вақташ ҳомиладор мешудем, кӯдак таваллуд мекардем, лекин шумо наврӯидҳо барин нозу нуз намекардем.

Ман агар кору бори хонаро накарда, мисли ту бо нозу карашма аз пайи нафси худам мешудам, хушдоманам шири аз модар хӯрдаамро аз биниам мебаровард. Ту субҳона накуни ҳам мешавад, як бор ба худат нигар, чӣ қадар фарбеҳ шудаӣ...

Холаҷон, охир қалин ин танҳо як анъана аст ва маънои онро надорад, ки падару модарам маро ба шумо ҳамчун канизак фурӯхтаанд...-Дамата гир, тиррончак! Магар падару модарат туро тарбият надодаанд?! Ман ба ту хушдоман мешавам. Дигар ба ман гап нагардон, вагарна ба писарам Азимҷон ҳар як гапу ҳарфи туро нарезондаву начакконда мерасонам, пӯстаро аз танат меканад...

-Бе ин ҳам ҳар рӯз хабаркашӣ мекунед-ку!
-Чӣ?! Ту чи гуфтӣ?!
- Хуб шудааст мегӯям холаҷон,-Муборак баъди аз субҳона ноумед шудан, боз аз пайи кору бори хона шуд. Ӯ дар як рӯз то се-чор маротиба хонаву рӯйи ҳавлиро рӯбу чин мекард. Дар аксар маврид худи хушдоманаш корҳои келинро назорат карда камбудияшро меёфт.

Муборак ки ҳомила буд ва рӯзе дилаш равғани зард хост, вале хушдоманаш ба ғайр аз нони қоқу чойи ширгарм дигар чизе намедод. Ба ҳамаи ин бо умеди рӯзе ҳамааш хуб мешавад, сабр мекард.

Хушдоманаш ҳар саҳар барои худаш равғани зард мегирифту боқимондаашро дар сандуқ маҳкам мекард. Ҳар дафъае, ки писараш нон орад, онро пинҳон мекард ва нонҳои қоқро ба келинаш медод.

Камири Маҳпора ба дараҷае золим буд, ки ҳатто соатҳои 12 -и шаб ба хонаи арӯсу домод медаромад ва баъзан ҳамроҳи онҳо мехобид. Писарашро ба келинаш рашк мекард. “Мурда-мурда бо ҳазор умеду орзу писар калон куниву бо ду дасти адаб ба кадом духтари бегона диҳи. Боз ҳар шаби Худо он духтар туро ба писарат бадгӯи кунад” мегуфт худ ба худ.

Бечораи келинчак ҳарчанд дуҷон буд, аммо ҳар соату ҳар дақиқа мокувор медавиду кори хонаро анҷом медод. Барои истироҳат кардан лаҳзае фурсат пайдо намешуд. -Ин келини ношукру носипосро бинанд ман ҳомила гуфта ҳеҷ кор намекунад, - ба ҳамаи хизматҳои келинаш норозиёна мегуфт Маҳпора.

Имрӯз ҳам дили Муборак равғани зард кашид. Сахт мехост аз ҳамон равғани хушдоманаш хӯрад. Ҳар боре, ки Маҳпора равғани зард пурсад. Барои зани ҳомила равғани зард хӯрдан мумкин нест. Равған дарунро мулоим мекунад. Мулоим шудани дарун ба ҳамл зарар дорад, - мегуфт хушдоман.

Рӯзе Маҳпора ба маъракае рафту Муборак калиди сандуқҳо ёфта аз равғани зарди хушдоман як қошуқ гирифт. Ҳамон замон Маҳпора аз дар даромада омад.Эй келини баднафс! Чашмгуруснаи нокас. Чаро аз ман напурсида сандуқро кушодӣ, - гӯён ба рӯйи келинаш як шаппотӣ фаровард.

Муборак, аз шаппотӣ не балки аз тарс беҳуш гашт. Маҳпора аз чунин ранг гирифтани кор сахт тарсида зуд ба ёрии таъҷилӣ занг зад. Вале то ба духтур рафтан кӯдаки дар батн будаи Муборак нобуд шуд. Маҳпора аз корҳои кардааш пушаймон шуда рӯй мекарду ангушти надомат мегазид.

Муборак ба хушдоманаш маҳзунона нигариста - холаҷон ман ба Шумо чизе намегуям аммо ҳаминро донед, ки уболи кӯдаки норасидаам Шуморо мегирад. Ман аз оқибати кори Шумо дар хавотир. Шумо на танҳо бахти писаратонро сӯзондед, балки дунёву охирати худро низ барбод додед....

Маҳпора бо сари хам гапҳои келинашро фурӯ мебурд. Барои худро сафед кардан баҳонае ҳам надошт. Аз корҳои кардааш ва ба як бону ин қадар зулмро раво диданаш худро маломат мекард... Вале дар куҷо пушаймони суд орад.!?...

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД