- Духтарам, гиря накун, гӯш кун, ман вақтам кам, агар росташро нақл накунам, дар он дунё чӣ ҷавоб медиҳам?
- Очаҷон...
- Бодиққат гӯш кун. Мо туро чун гавҳараки чашм парасторӣ карда, ба воя расонидем. Падарат пеш аз маргаш зорӣ кард, ки росташро ба духтарамон иқрор шав. Гуфт, ки нишонӣ, ном, насаби модару падаратро бидиҳам.
- Чиҳо мегӯед, очаҷон?,- ӯ гириста-гириста аз рӯю мӯйҳои кокулбофти модараш бӯса мезад.- Шумо модари манед, на онҳое, ки барои духтар таваллуд шудан маро партофта буданд. Ман онҳоро дидан намехоҳам.
- Духтарам, тақдири илоҳӣ будааст, ки ту зиндагии ману падаратро меҳр, рӯшанӣ, хушбахтӣ бахшидӣ. Агар туро намеёфтем, мемурдем бе кӯдак. Ту маънии зиндагии мо шудӣ. Шукри буданат. Падарат аз зиндагӣ, аз ту розӣ мурд.
- Очаҷон, гиря накунед, ба шумо мумкин нест оби дида рехтан.
- Бачам, дар як блокнот падарат суроға, ном, насаби падару модари биологиатро навишта буд.
- Очаҷон, онҳо ба ивази хона маро ба шумо доданд. Нафрат дорам ба чунин ашхос.
- Зулфия, духтарам, зиқӣ накун, ҳамааш хуб мешавад. Баъди марги ман онҳоро ёб, панҷ апа дорӣ. Шунидам, ки ҳамаашон оиладор. Падарат бемор, модарат зиндаву саломатанд.
- Оҳ очаҷон, шумоед очаҷони ширинам. Онҳо барои ман бегонаанд.
- Не, духтарам, ин хел нагӯ, ин ҳама сарнавишт будааст.
Баъди се рӯзи ин суҳбат модар вафот кард. Зулфия аз дард месӯхту хокистар намешуд. Баъди маросими чилро гузаронидан ӯ ба донишгоҳ омад. Онҳоро ба деҳаҳои дурдаст барои таҷрибаомӯзӣ фиристоданӣ шуданд. Ӯ аз декани донишгоҳ бисёр хоҳиш кард, ки ба ҳамон деҳаи падару модари аслиаш зиндагӣ мекардагӣ фиристанд.
Ӯ ба ҳайси духтури дил ба деҳаи Зарнисор омад. Дилаш сахт-сахт метапид, ҳеҷ ҷуръат намекард, ки ба ҳамон суроға биравад. Вале сарнавишт бо вақту соати муайян ҳамаашро ҷо ба ҷо кард.
Рӯзе ба утоқи кориаш падари биологиаш ворид гардид. Вақте ин мӯйсафед ному насаби аслиашро гуфт, бадани Зулфия ба ларзиш омад, мехост як шаппотӣ ба рӯйи падар фарорад, барои он, ки пеш аз таваллуди ӯ шак оварда буд барои ҷинси духтар буданаш.
Зулфия ба чеҳраи пажмурдаву пурожанги падари аслиаш ин дам нигариста, мехост бо тамоми ҳастӣ дод зада пурсад: магар духтар таваллуд шудани ман баҳонае буд барои маро партофтанатон?
Аммо боз табиб буданаш ба хотираш расиду ғазабашро фурӯ бурду пурсид:
- Тағо, чанд вақт боз шабҳо дилатон сих мезанад?
- Солҳои зиёд аст, ки дилам суст мешавад, бахусус шабҳо хобам намебарад, нафасгир мешавам. Метарсам, ки мабодо дар хобам дилам кафида намурам.
- Ҳама вақт бояд бо худ ҳаби валидол дошта бошед, ғӯлингро шаб дар оби гарм тар карда, субҳ нӯшед. Ман шуморо ҳозир ЭКГ мекунам.
Вақте ӯ Зулфияро духтарам гуфт, дилаш нарм-нарм тапид.
... Эҳ падар, ту боис шудӣ шояд, ки модари аслӣ аз тарси хонавайронӣ маро осонак партофт. Дилатон чӣ хел шуд, ки тифли якрӯзаро ба ивази ҳавлӣ ба каси дигар диҳед? Даҳшат, нафрат дорам ба шумо.
Баъди ташхиси тиббӣ аниқ шуд, ки дили мӯйсафед васеъ шуда, фишори хунаш баланд аст. Зулфия ҳамчун табиб дорухат навишт. Сипас аз мӯйсафед суроғаашро бори дигар пурсид. Мӯйсафед ба чеҳраи сапеду чашмони бодомии табиб нигариста, шабоҳатеро бо худашу ҳамсараш дарёфт. Ҳатто садои ин духтур ба садои духтари калониаш сахт монандӣ дошт.
... Тавба кардам Худо, ин духтар ба духтарони ман сахт монандӣ дорад. Худоё, маро бубахш, ки 26 сол пеш духтари кенҷаро партофтам. Худоё, маро бубахш...
Зулфия аз паси ӯ дарро пӯшиду якбора гирист.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН