Formula novemver 2024
Зулайхоро кӣ кушт?
3063

Зулайхо машғули рӯфтани оғили гов буд. Ногаҳон садои фиғону гиряи кӯдаки хурдиаш ӯро парешон карду давид ба он тараф.
Насимро дар рӯйи ҳавлӣ хобида дид, ки шикамашро дошта, беист гиря мекард.

-Чӣ шуд, бачаҷон?
-Очаҷон, боз аммаам маро зад.
-Чӣ гуноҳ кардӣ?
-Гуфтам, ки шакарчой мехӯрам.
-Ҳеҷ гап не, нахӯр буд.

Зулайхо писарашро ором карду боз аз пайи оғилрубӣ шуд.

“…Худоё, худоҷонам, сабрам деҳ, ин қадар азоб дорам. Ин падари кӯдако ҳам ҳеҷ не, ки номус кунаду зудтар аз муҳоҷират биёяд. Ақаллан пул хам намефиристад, ки забони ман назди хонавода дароз шавад. Шабу рӯз қайсингилу зани ҳеварам таънаам мекунанд, ки аз ҳисоби мо мехӯред. Безор шудам. Рӯзе мешавад, ки се рӯз нон намехӯрам. Се кӯдаки беақли ман аз куҷо медонанд, ки ман ин қадар азобу машаққат дорам. Худоё, аз худкушӣ паноҳам деҳ”,-бо алам мегуфту ашк мерехт...

Зулайхо бо Шариф якдигарро дӯст дошта, издивоҷ карда буданд. Аммо Шариф баъди панҷ соли зиндагии оилавӣ ба муҳоҷират рафту то ҳанӯз бедарак буд. Зулайхо дар хонаводаи шавҳар қадру иззате надошт. Хушдоману хусуру хоҳаршӯяш ӯро аз соати аввал хуш накарданд. Аҳли хонавода мехостанд, ки Шариф духтари холаашро ба занӣ бигирад. Зулайхо дар ин хона баъди рафтани шавҳараш ба муҳоҷират мисли ғулом гашта буд. Фарзандонашро аз дар берун мекарданду бегоҳӣ ба хона роҳ медоданд. Ҳатто бисёр вақт хоҳаршӯяш ошкоро мегуфт, ки «сағераҳои пурхӯратро гиру аз ин ҷо бар. Ман барои шумо кор намекунам».

Рӯзе Зулайхо дар қаҳр шуду гуфт:
-Ман хотири Шариф ин ҷо ҳастам. Ҳар вақте Шариф ҷавоби маро дод, он гоҳ бо кӯдаконам баромада меравам.
-Бародарам шояд барои ту шуда, ба Ватан омадан намехоҳад,-мегуфт хоҳаршӯяш.

Зулайхо умедвор буд, ки Шариф меояду онҳо замин харида, хона месозанд. Шабе дар бистараш як сардиеро ҳис карду фонусро даргиронд. Дар рӯшании фонус мори калони сиёҳро дид. Бо тамоми қувват дод зад. Хушдоманаш давида омад:

-Чӣ дод мегӯӣ?
-Очаҷон, мор аст ин ҷо.
-Ба назарат намудагист.
-Не, мана бинед.

Додаршӯяш морро гирифта, аз хона баромад ва истеҳзоомез гуфт:

-Ин сусмор аст, чӣ метарсӣ, аз адир фаромадагист.

Зулайхо низ фикр кард, ки хазанда аз адир ба ҳавлиашон омадагист. Охир ҳавлиашон назди адири деҳа воқеъ буд. Ӯ ҳанӯз намедонист, ки хоҳаршӯи бадкирдораш бо зани додаршӯяш забон як карда, ин морро ба ҳуҷраи хоби ӯ дароварда буданд. Онҳо кӯшиш мекарданд, ки Зулайхоро тарсонида, аз хона берун созанд. Зулайхо худаш ба ин корҳои зишти онҳо аҳамияте намедод. Аммо ҳамин, ки кӯдаконашро гуруснаву ташна субҳи солеҳон ба кӯча пеш мекарданд, беист мегирист. Ба хонаи ҳамсоя рафта, зорӣ мекард, ки барои кӯдаконаш як бурда нон диҳанд. Шабе аз миш-миши хоҳаршӯяш бо хушдоман фаҳмид, ки шавҳараш дар Русия зани рус гирифта, зиндагӣ дорад. Ин хабар дили Зулайхоро пора-пораву ақлашро тира кард. Гиряолуд аз хушдоман пурсид:

-Очаҷон, наход ин овоза рост бошад? Шумо ин хабари дурӯғро аз кӣ шунидед?

-Рост аст, писарам ба бародараш занг зада гуфтааст, ки ту метавонӣ дигар интизораш нашуда, шавҳар кунӣ. Ӯ зану фарзанд дорад дар Маскав.

-Рақами телефонашро диҳед,-тавалло намуд Зулайхо ва ба шавҳараш занг зад.

Аз он тараф садои маҳини занона бо забони руси “да” гуфт.
-Шариф...,-базӯр ба забон овард Зулайхо.
-А Шариф на работе,-бепарвоёна посух дод зани рус.
-Ман занаш ҳастам,-гуфт ин дафъа каме ҷуръат карда.
-Сейчас...,-бо қаҳр гуфт зан.

Шариф гӯширо гирифту бе ягон истиҳола ба ҷойи салом гуфт:
-Кӣ рақами мобилии маро ба ту дод?
-Аз бародарат гирифтам. Хубӣ, саломатӣ охир?
-Хубам, чаро занг задӣ? Ман аллакай ҷавобатро додам. Метавонӣ шавҳар кунӣ, кӯдаконро ба модарам супору рав!

-Чӣ?-Зулайхо ин дам ба ҳайкале шабоҳат дошт, ки дар рӯяш ранг намонда буд. Фиғон дошт қалби яктопарасташ.
Баъди ин занги телефонӣ Зулайхо дигар мисли пешина чаққону босабр набуд. Дигар умед ба зиндагӣ надошт. Дар танҳоӣ аз хушдоманаш зорӣ кард, ки барояш аз поёни ҳавлӣ замин бидиҳанд.

-Очаҷон, кори шудагӣ шуд. Мани ятимдухтар дар хонаи тағо калон шудаам. Дигар баъди бева шуданам маро янгаам бо се кӯдак ба хонааш роҳ намедиҳад. Илтимос, маро пеш накунед. Фақат барои замин кумак кунед. Худам дар колхоз кор карда, кӯдаконамро мехӯронам.

-Аз куҷо замин аст барои ту? Рав аз ин ҷо! Занаки баномус кайҳо сағераҳояшро гирифта, баромада мерафт.

-Сағераҳои мегуфтагиатон аз хуни шумо аст.
-Аз рӯзи аввал ту келини мехостагии мо набудӣ,-гуфт бо ситеза хушдоман..

Зулайхо ин дам авваллин бор ба рӯйи хушдоманаш теғ кашида нигоҳ карду бо алам гуфт:
-Очаҷон, ман ба хонаи шумо танҳо омада будам, танҳо меравам. Кӯдаконро ба шумо месупорам.

-Кӯдаконатро гирифта бар. Вагарна ба ҷонам қасам, ки ҳарсеяшро бурда, ба сағерахона месупорам.

Ин сухани хушдоман ба дили Зулайхо сахт расид, сари қаҳру ғазаб тамоми дунёро фаромӯш карда, фарзандонашро гирифту аз хона бо дидаи пурашк баромад. Дар мағзи сараш фақат як фикр буд, худкушӣ. Шайтон ин сония ҳамрозу ҳамдамаш буд.

-Худоё, ман дигар роҳ надорам. Куҷо барам ин кӯдаконро. Аввал онҳоро ба қаръи дарё мепартояму баъд худамро. Дигар илоҷ надорам.
Ба лаби дарёи Кофарниҳон расид. Ҳанӯзам шайтон ӯро ба васваса меандохт. Кӯдакони пойлучу гурусна аз домани модар гирифта, шакарчой мехостанд.

-Даматонро гиред! Ҳозир меравем ба он ҷое, ки дигар азоб намекашем.

Оби дарё баъди борони шадид лойоб буду аз будаш зиёдтар менамуд. Зулайхо бо дидаи гирён ба об нигарист. Дарёи одамхӯр маътали ишора ӯро ҳарчӣ зудтар фурӯ бурдан мехост. Аввал кӯдаки хурдиро ба об партофт. Об зуд ӯро фурӯ бурд.

Навбати кӯдакони дигар омад. Ҳардуро ба оғӯш кашида, ба об партофту гирёну нолон худро аз ҳама охир ба дарё фиганд. Дарёи одамхӯр баъди қурбониҳои навбатӣ ором шуд. Даруни оби дарё Зулайхо аз ҷонҳавлии даҳшатнок пушаймон шуд, вале хеле дер шуда буд. Марг дигар имкон намедод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Мухлис 2023-06-04, 23:24
Шарифи ночавонмардро худо хору залил гардонад ва як умр фалачу бемор созад то модараш дар гамаш хору залил шавад хушдомани одамкуши харома садкаи келину наваса кунад омин
Посух
Мухлис 2023-06-05, 20:58
Чаро шархи маро пахш накардед идораи газетаро мепурсам
Посух
Аниса 2023-06-23, 01:23
Ин кори хато аст хечвакт аз пушти хеч чиз набояд худкуши кард чонро Худованд додаастт ва Худованд танхо метавонад чонро гирад. Ин беаклист аз авал бояд фикр кард ки оё метавони ин кудаконро хурони ва пушони се чортои зоида нигох карда натавони чи даркор. Ба хечкас бояд бовари карда баумед нашави вагарна бе хонаву дар дар берун мемони
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Мухлис 2023-06-04, 23:24
Шарифи ночавонмардро худо хору залил гардонад ва як умр фалачу бемор созад то модараш дар гамаш хору залил шавад хушдомани одамкуши харома садкаи келину наваса кунад омин
Посух
Мухлис 2023-06-05, 20:58
Чаро шархи маро пахш накардед идораи газетаро мепурсам
Посух
Аниса 2023-06-23, 01:23
Ин кори хато аст хечвакт аз пушти хеч чиз набояд худкуши кард чонро Худованд додаастт ва Худованд танхо метавонад чонро гирад. Ин беаклист аз авал бояд фикр кард ки оё метавони ин кудаконро хурони ва пушони се чортои зоида нигох карда натавони чи даркор. Ба хечкас бояд бовари карда баумед нашави вагарна бе хонаву дар дар берун мемони
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД