Sebiston new 2024 october
ЗулайхоМаҳмадшоева “Кекси ангурӣ” мепазад
2371

-Бону Зулайхобону, ба ҳунари сарояндагии шумо ҳамагон баҳои 5 гузоштаанд. Ҳунари пухтупаз ҳам доред?

-Дар кадбонугӣ устухон надорам!
-Ин тавр бошад, сирри ягон хӯрок ё ширинии бомазаро ба мо кушоед.

-Фасли зимистон фаро расида бошад ҳам то ҳол дар бозорҳои мо мевагӣ, хоса ангур бисёраст. Аз ҳамин хотир ман тарзи пухтани кекси ангуриро ба шумо қисса мекунам. Ин ширинии хушхӯрро аҳли оилаи мо дӯст медоранд. Боварӣ дорам, ки ба мухлисони сомонаи шумо низ писанд меояд.
Марҳамат, ошхонаи мо дар ихтиёратон!

Маҳсулоти лозима:
250 г равғани маска
175 г шакар
4 тухм
250 г орд
1 қошуқча моддаи ковоккунанда
100 мл майи сафед (белое вино)
100 г ангури ҳусайнӣ ва сиёҳ

Тарзи таҳия:
Равғани маскаро 30 дақиқа аз яхдон берун гузошта, сипас бо шакар лат мезанем. Тухмҳоро яктогӣ ба равғани маска илова карда, нағзакак омехта мекунем. Ордро мебезем. Моддаи ковоккунандаро низ фаромӯш накарда ба орд ҳамроҳ мекунем. Маҳсулотҳои номбаршударо ба корсон андохта аз болояшон май мерезем ва ордро ҳамроҳ карда хамир мешӯрем.
Тафдонро то ҳарорати 180 дараҷа метасфонем. Ангурро шуста, хушконда, сипас ба хамир илова мекунем. Хамирро ба қолаб рехта 55 дақиқа дар тафдон нигоҳ медорем. Кекси ангурии мо омода шуд!
Мухлисонаи азизам, ба ҳамаатон иштиҳои том!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД