Formula novemver 2024
ЗУЛАЙХО НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ "СЕБИСТОН-2018" ШУД! ЧАРО?
2433

 Овозхони 27-солаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева намояндаи ширкати сохтмонии “Себистон-2018” интихоб шуд ва акнун вазифадор аст, ки сохтмонҳои ин ширкатро таблиғ кунад

Қадами аввал гузошта шуд ва наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки овозхон мардумро ба хариди хонаҳои истиқоматии “Себистон-2018” даъват мекунад. “Ман, Зулайхо Маҳмадшоева, интихоби ман ширкати “Себистон-2018”. Биноҳои ин ширкат бо масолеҳи сохтмонии баландсифат ва аз рӯйи таҷрибаву технологияҳои кишварҳои пешрафта сохта шудааст”,-мегӯяд, овозхон дар як ролики таблиғотӣ. Ширкати мазкур дар ҳудуди шаҳри Душанбе то имрӯз чанд бинои баландошёнаро сохтаву ба истифода додааст ва ният дорад, ки дар ояндаи наздик Маҷмааи истиқоматии “Ветерок”-ро бунёд намояд.

Сокинон метавонанд, ки хонаро харидорӣ карда, маблағашро давоми се сол ва бе фоизи иловагӣ пардохт намоянд. Солҳои охир санъаткорони тоҷик низ чун ситораҳои Амрикову Аврупо ба таблиғи молу маҳсулоти ширкатҳо рӯ овардаанд, ки яке аз роҳҳои ба даст овардани даромади иловагӣ мебошад. Зулайхо аз ҳамкорӣ бо ширкати “Себистон-2018” хушҳол аст, вале дар бораи маблағи шартнома чизе нагуфтааст. Овозхон қаблан шампуни “Royal Nova” ва айнакҳои “Евро-Оптика”-ро низ таблиғ карда буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД