Arzon march 2024
Зулайхо чанд рӯзи "хомӯшӣ"-ашро шарҳ дод
516

 

Чанд рӯзи охир хонандагони сомона дар мавриди он мепурсиданд, ки чаро Зулайхо Маҳмадшоева матолиби саҳифаи Инстаграмашро пок карда, ба ҷойи акси асосиаш пасманзари сиёҳ мондааст. Хонандагон аз метарсиданд, ки ба сари ӯ нохушие наомада бошад.

Мо низ барои тасдиқи ин иддао вориди сафҳаи ин бонуи ҳунар шудем ва тасдиқ гардид ,ки воқеан дар таблои матолиби ӯ ба истиснои як порчаи суҳбати Зулайхо дар барномаи “Ногуфтаҳо” чизи дигаре нест.

Ба хотири фаҳмидани асли масъала мо бо худи Зулайхо, продюссераш ва наздикони сароянда тамос гирифтем, вале шарҳи онро фаҳмида натавонистем. Аммо, чанд лаҳза қабл худи сароянда дар сафҳааш сабаби чанд рӯзи “хомушӣ”-ашро шарҳ дода, баён дошт, ки ягон мушкилӣ надорад ва дар истироҳат аст.

“Мардум азизу меҳрубони ман. Сипос, ки дар фикри ман ҳастед, мепурсед аз аҳволам. Ман хубам, ягон мушкилӣ надорам, каме хостам истироҳат кунам аз Инстаграмм. Фақат ҳамин сабаб аст. Ман ба зудӣ бармегардам, дӯстатон дорам. Бо эҳтиром, Зулайхои шумо!”, - гуфтааст ӯ

Бояд гуфт, ки Зулайхо Мамадшоева дар инстаграмм беш аз 1 миллиону 300 ҳазор обуначӣ дошта, ҳамарӯза наворҳои ҷолиб нашр мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД