Боварнокарданист, аммо воқеият аз он мегӯяд, ки зоопарки охирини одам дар шаҳри Брюссели Белгия то соли 1958 фаъол буд. Расман номаш «Зоопарк» буд, ҳарчанд ин мафҳум маънии боғи ҳайвонотро дорад.
Мардуми «сафедпӯст» 267 одами аз рушд қафомондаи Конгои Африқои Ҷанубиро дар қафасҳо, дар муҳосираи чӯбҳои бамбукӣ тамошо мекарданд, пеши кӯдакон хӯрданиҳо мепартофтанд, акс мегирифтанд ва ҳатто баъзе хонумҳо ба сиёҳпӯстон бо ғамзаву нағма даст мерасонданд.
Пеш аз ин, чунин зоопаркҳо дар Лондон, Париж, Гамбург ва Ню-Йорк амал мекарданд. Ваҳшонияту бераҳмии башарият ба ҳадде буд, ки ҷисми яке аз василаҳои тамошо Сара Бартманро (зан) пас аз марг доруҳои махсус зада, дар музей гузоштанд.