Ин маҳбас бо харҷи 120 миллион доллар дар Эстония сохта шуда, аз соли 2006 фаъолият мекунад. Он ба маҷмааи замонавие монанд аст, ки ҳамаи 14 бинояш бо долонҳои пӯшидаи баланд ба ҳам пайвастанд.
Ба хотири таъмини амният дар ҳудуди зиндон дастгоҳҳои назорати электронӣ насб шудаанд, ки имкон медиҳад аз нерӯи посбонҳо камтар истифода шавад.
Дар доираи корҳои ислоҳӣ барои маҳбусон шароити хуб фароҳам гардида, ба риояи ҳуқуқашон эҳтиром гузошта мешавад, то худро аз олами ҷиноятӣ раҳо созанд.
Ҳар як маҳбус метавонад аз тамошои телевизион бархӯрдор бошад ва дар сурати рафтори хуб нишон додан, дар як сол 21 рӯз ба рухсатӣ фиристода мешавад.