Меҳри падарии Мурод гӯё ҷӯш зада буд, ки писари хурдиаш Аҳмадро ҳамроҳаш ба Русия бурд. Ба нею нестони завҷааш аҳаммият ҳам надод.
- Дуриву ҷудоии худатон бас набуд, ки маро ба фироқи фарзанд гирифтор мекунед. Он меҳре, ки ӯ аз ман мебинад, завҷаатон дода метавонад? Мурод, илтимос, модару кӯдакро аз ҳам ҷудо накунед, як рӯз уболамон мегирад,- фарёд мезад Сабрина.
Мурод ба суханҳои завҷааш аҳаммияте надода, Аҳмадро зӯран ҳамроҳаш бурд. Кӯдак дар он ҷо танҳоӣ ҳис мекард. Ҳар гоҳе, ки модарашро ёд карда гиря кунад, зери силсилашаттаҳои модарандару падараш мемонд. Аз байн як моҳ гузашт. Як моҳ ба назари Аҳмад ва Сабрина мисоли даҳ сол сипарӣ шуд. Сабрина аз акаву додаронаш пул қарз гирифта ба Русия назди шавҳараш рафт. Муродро ҷуст ва ниҳоят манзилашро ёфта омад. Ҷуссаи хурди Сабрина аз фироқу ҷудоии фарзандаш Аҳмадҷон хурдтар шуда буд, зери чашмонаш ҳам аз ашки зиёд сиёҳ шуда буданд.
- Аҳмадҷон, ҷони модар. Дод аз дасти зиндагӣ, ки моро аз ҳам ҷудо кард,- Сабрина фарёдзанон писарашро ба оғӯш кашид. Китфони аз ғам чӯкидаи фарзандашро молиш дода, аз рухсораҳояш бӯса кард.
Аҳмад ҳам сахт пазмони модараш гардида буд.
***
Ардашер, писари калонии Сабрина назди устои мебел кор мекард. Аллакай ӯ дастёри модар шуда буд. Ӯ нав ҳаждаҳро пур карда буд. Ардашер бо вуҷуди набудани шароити хуб, мактабро бо баҳои аъло хатм кард. Баъди хатми муассиса ҳуҷҷатҳояшро ба донишгоҳ супорид.
Ардашер дар донишгоҳ низ таҳсили хуб дошт. Дувум курс буд, ки дар озмуне ғолиб омаду роҳхат барои таҳсил ба хориҷро пайдо кард. Вай дар хориҷа ҳам мехонду ҳам кор мекард. Як қисми пулашро ба модараш мефиристоду як қисми дигарро пасандоз мекард. Ҳамин тавр зиндагии онҳо рӯз аз рӯз беҳтар мешуд. Дар ин байн Аҳмад ҳам дар донишгоҳ таҳсил кард. Маълумоти вай ҳам олӣ шуд.
Солҳо гузаштанд. Ҳамоно аз Мурод дарак набуд. Гоҳ-гоҳ занг мезад ё писаронаш аз ҳолаш бохабар мешуданд. Мурод сахт вобастаи шароб шуд. Ба қавле ӯ “алкаш” шуда монд. Молу давлати ҷамъкардаашро ҳам зани дувумаш аз худ карда гириф ва “шӯйи алкаш ба кӣ даркор?” гӯён аз Мурод ҷудо шуд.
Баъди чанд соли дигар Мурод бо сари хам назди Сабрина ва фарзандонаш омад. Онҳоро сахт ба оғӯш гирифта, барои тамоми азобҳои додааш маъзарат хост. Ӯ ин бор маст набуд, вале маҷоли дар пой истодан надошт. Оҳиста болои кӯрпачаи айвон нишаст. Вале нишастан ҳам барояш душворӣ кард, ки ғелид. Як ба осмон нигарист, сипас ба хонаҳои ободкардаи фарзандонаш. Ӯ дар оташи афсӯсу надомат дармегирифт. Худ ба худ мегуфт, ки кош оилаашро тарк намекард...
Муроди беҳол хомӯшу маъюс ба завҷааш нигариста, гуфт:
- Сабрина, ин суханонат ҳамеша дар гӯшам садо медиҳанд. Ман ба моҳияти гуфтаҳои ту нав сарфаҳм рафтам. Ту гуфта будӣ, ки “биёед дар ин дунёи дурӯза ба ҳамдигар меҳрубон шуда, ба қадри якдигар расем”. Кош ҳамон суханони туро гӯш мекардам. Ин гуфтаҳои ту танҳо барои ман нест, барои тамоми одамонест, ки ба қадри оилаашон намерасанд.
Овози Мурод паст шудан гирифт. Гӯё ӯро хоби сахте мебурд, ки чашмонаш пӯшида шуданд. Ин охирин чашмпӯшии Мурод буд. Бо ҳамин чашмонаш дигар кушода нашуданд. Ӯ аз олам чашм пӯшид...
Абдуғаффор ШОДИЕВ