Мурод худ намедонист, ки чаро ин қадар завҷаашро бад мебинад. Чаро бо ӯ муносибати хуб надорад. Баъзан аз корҳои ноадолатонаву номардонаи худ шарм медошт. Ангушти ҳасрату надомат мегазид. Тавба мекард. Вале зани дувуму хоҳаронаш мудом Сабринаро бад карда, дар назари Мурод мисли шайтон вонамуд мекарданд.
Сабрина ин бор ҳам “даҳони баста сад тило” ва “сари хамро шамшер намебурад” гӯён хомӯш монд. Ҳарчанд шавҳараш ноҳақ бошад ҳам, ҷавобе надоданро маъқул донист. Баръакс чун одати ҳар дафъа роҳи мусолиҳатро ҷуст ва илтиҷоомез гуфт:
- Мурод, аз ҳамааш хаста шудам. Биёед кинаву кудуратро аз дил дур кунем. Ҳамаашро фаромӯш карда, аз нав оилаи хушбахт бунёд кунем. Оилае, ки сутунаш бо меҳр ва сақфаш бо муҳаббат бунёд ёфтааст.
Мурод ба завҷааш нимнигоҳе карду хост як шаппотии дигаре ба рӯйи завҷааш занад, вале... суханҳои пурдарди Сабрина каме бошад ҳам, дили яхбастаи ӯро об карда буд. Сабрина аз фурсат истифода бурда, афзуд:
- Биёед дар ин дунёи дурӯза ба ҳамдигар меҳрубон шуда, ба қадри якдигар расем. Рӯзамон бо ҷанг ҳам мегузарад, бо хушу хурсандӣ ҳам. Пас ҳар як дақиқаи умрро ғанимат шуморида, хушбахтона зиндагӣ кунем. Як бор рӯзҳои аввалини хонадориамонро ба хотир оред. То ин дам чихел рӯзҳои хуб доштем!? Фарзандонамон ҳам чун гул шукуфта буданд. Имрӯз чӣ? Бори охир намедонам, ки кай дар лабонашон табассум буд. Як бор ба чашмони маъсуму бегуноҳашон нигаред. Онҳо ташнаи меҳру муҳаббати волидонанд. Мехоҳанд мисли дигарон дар оилаи тинҷу осуда, дар оғӯши гарму пурмеҳри падару модарашон бошанд. Дирӯз Аҳмадҷони хурдсол ҳам ба ман шикоят кард, ки "барои чӣ ҳар рӯз шумову падарам бо ҳам ҷанг мекунед? Ман аз ҷанг метарсам".
Сабрина чашмони аз ашк варамидаашро бо банди рӯймолаш пок карда, оҳи чуқуру дарунсӯзе кашиду суханашро давом дод:
- Медонед Аҳмадҷон чӣ мегӯяд? Ӯ мегӯяд магар падарам ӯгай аст. Чаро ӯ моро бад мебинад. Чаро моро мезанад. Ғайр аз ин ёру рафиқонаш ҳам таъна кардаанд, ки падарат дар Русия зану фарзанд дорад, ӯ онҳоро дӯст медорад. Дили писари калониамон Ардашер ҳам аз дарду алам пур аст. Як рӯз ровие аз радио як шеър қироат кард. Ардашер то тамом кардани ӯ баробараш ашк рехт. Рӯзи дигар шеърро сабт карда навишту азёд кард. Ҳозир як лаҳза,- Сабрина дари ҷевонро кушоду дафтари писари калониаш Ардашерро гирифт ва ба шавҳараш нигариста, гуфт:
- Ба шумо шеъри азёд кардаи Ардашерро хонам? Мехонам! Шояд таъсир кунад!?
Аз мулки ғарибӣ, даст шўед, додо,
Гулҳои умеди худ бибўед, додо.
Дишаб зани ҳамсоя маро гуфт "сағир"
Маънои сағира чист? Гўед, додо!
Мо зинда, Шумо зиндаҷудоед, додо,
Аз аспи ғурури худ фуроед, додо.
Ду духтару ду писар дуомон ин аст:
Аз хонаи он занак буроед, додо!
Додо, додо чаро китобам нахаред?
Ман ташна шудам қатраи обам нахаред?
Як бор сари сахти маро сила кунед,
Ман гушна наям нуқлу кабобам нахаред!
Офтоб, агар машъала афрўзад чи?
Маҳтоб ба ман дида, агар дўзад чи?
Ман меҳру муҳаббати Шуморо хоҳам,
Додо, дилатон ба ман намесўзад чӣ?
Попўши ягонаам даридаст, додо,
Ҳуш аз сари сахти ман паридаст, додо.
Поҳои кафидаам чунон хуншоранд,
Ин ҳоли маро саге надидаст, додо!
Додо, додо Шумо куҷоед, додо,
Ҳасрат ба дилам чаро наоед, додо.
Ҳамсоя барои духтараш курта харид,
Аз баҳри Худо чӣ камнамоед, додо!
Дар пеш зимистони хунук аст, додо,
Пироҳани хоҳарам тунук аст, додо.
Додарчаам имсол ба мактаб наравад,
Мўҳтоҷ ба костуму бурук аст, додо.
(Давом дорад)
Абдуғаффор ШОДИЕВ