Гаҳвора на танҳо василаи оромёбист, балки барои хубу солим инкишоф ёфтани кӯдак мусоидат мекунад. Аз қадим ҳар як миллат дорои гаҳвораи хос буд, ки дар шаклу намуд аз ҳамдигар фарқ доштанд. Дар Тоҷикистон низ намудҳои гаҳвора зиёданд. Ҳунармандон аз қадим онро наққошӣ, кандакорӣ мекарданд ва бо рангҳои гуногун оро медоданд. Имрӯзҳо низ ҳунармандон ин анъанаи қадимаро нигоҳ дошта, гаҳвораҳои зебову мунаққаш месозанд.
Аз шонаи гуногун то гаҳвораи мунаққаш
Юсуфҷони Содиқ аз ҳунармандони маъруфест, ки солҳо ба сохтани гаҳвораҳои мунаққашу зебо машғул аст. Ӯ навъҳои гуногуни гаҳвораро бо тарзу тарҳи нав месозад. Гаҳворасозӣ барои Юсуфҷон пешаи меросӣ нест. Вай ин ҳунарро аз устоҳои Истаравшану Бохтар омӯхтааст.
"Ман дар оилаи шонатарошон таваллуд шуда, ба камол расидаам. Аз хурдӣ дастам дар қураи ҳунар обутоб ёфтааст. Падарам солҳост, ки бо ҳунари шонатарошӣ машғул буда, барои ҳифзу эҳёи ин ҳунари қадима Шаҳодатномаи ЮНЕСКО доранд. Падарам, ки ҳунарманд буданд, мо фарзандон низ наздашон нишаста, кумак мекардем. Ҳамин тавр, шонатароширо омӯхтам. Сипас, бо роҳнамоияшон ба риштаи кандакории Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан дохил шудам",- нақл кард ҳунарманди моҳир.
Юсуфҷон баъди хатми коллеҷи мазкур дар Донишгоҳи давлатии Бохтар таҳсилашро идома дод. Ӯ хатмкардаи ихтисоси техникӣ ва технологии донишгоҳи мазкур мебошад.
Хотираҳо аз давраи тиллоӣ
Юсуфҷони Содиқ мегӯяд, ки чун дар оилаи ҳунармандон ба воя расидааст, гаҳворасозиро зуд омӯхтааст. Ӯ пеш аз ба шаҳри Бохтар рафтан нозукиҳои ин ҳунарро аз устоҳои Истаравшан омӯхтааст.
"Дар Истаравшан баробари шонатарошӣ дар коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ коркарди бадеии чӯб ва кандакориро омӯхтам. Сипас гаҳворасозиро ёд гирифтам. Баъди ба шаҳри Бохтар омадан ҳунарамро назди устоҳои моҳири Бохтар такмил додам. Ҳоло қариб 5 сол мешавад, ки мустақилона гаҳвора месозам",- гуфт ҷавони боистеъдод.
Юсуфҷон навъҳои гуногуни гаҳвораро месозад. Аз ҷумла, Хуҷандӣ, Хатлонӣ, Истаравшанӣ, Самарқандӣ ва Бухороӣ. Ин навъи гаҳвораҳо аз рӯйи шаклу намуд ва ороишашон аз ҳамдигар фарқ доранд. Ӯ барои зебо шудани гаҳвора кандакорӣ, наққошӣ, гулкорӣ мекунад ва бо рангҳои гуногун ороиш медиҳад.
Тарзи сохтани гаҳвора
Назар ба гуфти ҳунарманд, гаҳвораро аз чӯби дарахти бед, чинор, чормағз, зардолу ва пояашро аз чӯби тут месозанд. Одатан барои пурра сохтани як гаҳвора 7-10 рӯз сарф мешавад.
"Мо дар аввал чӯби гаҳвораро дар об тар мекунем, сипас дар нури офтоб мехушконем. Гаҳвора аз даста, поя, тахтачӯб ва чӯби поёну боло иборат аст. Дарозии гаҳвора аз 92 см то 1-1,5 метр, бараш 35-45 см ва баландиаш 50-60 см мешавад. Гаҳвораҳои ҳар минтақа ғайр аз шаклу намуд аз рӯйи ҳаҷмашон низ фарқ мекунанд. Мо кӯшиш дорем боз дигар навъҳои гаҳвораро, ки гузаштагонамон месохтанд, созем",- иброз дошт устои гулдаст.
Юсуфҷон ғайр аз шонатарошиву гаҳворасозӣ аз уҳдаи наққошиву кандакорӣ низ хуб мебарояд. Ба гуфти ӯ, зебову мунаққаш кардани гаҳвора барои зебоипараст шудани кӯдак ва хоби бароҳату саломатияш мусоидат мекунад.
Гаҳвораро мардуми тоҷик аз қадим азизу муқаддас медонанд. Ҳатто дар баъзе минтақаҳо, агар холӣ бошад, дар баландӣ мегузоранд. Дӯзандаҳо дастбанд, кӯрпача, болопӯши гаҳвора ва дар умум лавозимоти гаҳвораро гулдӯзиву зардӯзӣ карда, оро медиҳанд. Дар рӯзи бастани гаҳвора дар доираи оила маъракаи гаҳворабандон мегузаронанд. Гаҳвора аз рӯйи сифат сахту мустаҳкам буда, як гаҳвора 20-30 сол сифаташро гум намекунад. Дар як гаҳвора фарзандони як оила ба камол мерасанд.
Абдуғаффор ШОДИЕВ