Ман Зулола, аз шаҳри Маскав ба шумо нома менависам. Панҷ сол қабл волидонам маро бо ҷавоне оиладор намуданд, ки дар Русия кору зиндагӣ мекардааст.
Шавҳарамро қабл аз тӯй боре надида бошам ҳам, баъди издивоҷ бо тамоми ҳастӣ дӯст доштам. Темур аз кӯдакӣ дар муҳити дигар ба воя расида бошад ҳам, дар феълу рафтор, одобу маърифат аз аксари ҷавонони душанбегӣ фарқ мекунад. Дар давоми панҷ соли оиладорӣ аз даҳонаш ягон ҳарфи бад нашунидаам ва дар рафтораш кирдори ношоистаеро надидаам. На сигор мекашаду на арақ мехӯрад, бар замми ин, марди аз ислом бохабар ва худотарс аст.
Падару модари худаш ва волидони маро сахт эҳтиром мекунад. Хусуру хушдоманам низ дар Русия зиндагӣ мекунанд, вале хонаи мо алоҳида аст. Дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ надорам, хушдоманам низ зани бад нест, вале падаршӯям бениҳоят марди инҷиқу хӯрдагир буда, кӯшиш мекунад зиндагии моро ҳамеша назорат карда истад. Мӯйсафед намехоҳад, ки писаронаш бо хешу ақрабои занҳояшон робита дошта бошанд. Пайваста ба шавҳарам хотиррасон мекунад, ки бо волидони занат гап назан, рафтуомад накун, кӯмаки молиявӣ нарасон.
Ба наздикӣ мо хостем, ки модарамро аз Тоҷикистон ба меҳмонӣ даъват кунем, вале хусурам ин гапро шунида, шӯру валвала бардошт. Вақте ки бо вуҷуди зид будани падараш шавҳарам барои модари ман чиптаи ҳавопаймо харид, падарарӯсам ба ғазаб омада, писарашро занкалону латта номида, хеле таҳқир намуд. Чанд муддат аст, ки падарарӯсам бо писараш гап намезанад ва ҳис мекунам, ки шавҳарам аз ин кори падараш сахт ғамгин аст. Аз чунин ранг гирифтани вазъият хеле ғамгин шуда, чӣ кор карданамро намедонам.
Наход падаршӯям ҳамеша ба зиндагии мо кордор шудан гирад? Агар чунин давом кардан гирад, аниқ аст, ки байни ману шавҳарам сардӣ сар мезанад.