Дар Куриё мутахассисони равоншинос бо мақсади кӯмак расонидан ба шахсоне, ки дар вартаи яъсу ноумедӣ қарор доранд ва дар сари эҳсосот даст ба худкушӣ задан мехоҳанд, чӣ будани маргро бо роҳи ғайри одӣ мефаҳмонанд. Мутахассисони ин марказ мизоҷонро ба муддати 10 дақиқа дар тобути чӯбин маҳкам мекунанд. Қабл аз ин муштарӣ бояд васиятнома тартиб диҳад ва ба наздиконаш мактуб нависад, ки вай бо хоҳиши худаш ин дунёро тарк карда истодаасту дар марги ӯ касе гунаҳкор нест.
Бештар ба ин марказ донишҷӯёне, ки зери бори гарони таҳсил монда аз зиндагӣ навмед шудаанд, муроҷиат менамоянд. Одамони камбағал ва пирони бе касу кӯй низ ташнаи марг гашта, ба ин марказ муроҷиат мекунанд, вале ҳамагӣ пас аз 10 дақиқаи дар тобут хобидан фикри худкушӣ аз сарашон дур мешавад.
Гап дар сари он аст, ки 10 дақиқа дар даруни тобути сарбаста хобида ин одамони зиндагибезор чӣ будани маргро дар мағз-мағзи ҷони худ эҳсос менамоянд ва ба қадри ҳаёт мерасидагӣ мешаванд.
Қобили қайд аст, ки ҳамарӯза наздики 40 шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ даст ба худкушӣ мезананд. Аз байни тамоми кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи нишондоди ҳодисаҳои худкушӣ Куриё ҷойи аввалро мегирад.