arzon replenishment
ЗИМИСТОНИ ҚАҲРАТУН МОРО ДАР ПЕШ АСТ!
3987


Хабаргузории Спутник дар такя ба маълумотҳои Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон аз якбора сард шудани ҳаво дар рӯзҳои истироҳат дар кишвари мо хабар додааст. Бино ба гуфти ин манбаъ, сокинони Тоҷикистонро дар ду шабонарӯзи наздик хунукии сахте интизор аст, ки солҳои пеш дар моҳи ноябр тамоман дида намешуд.

“Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон якбора то 10 дараҷа паст фаромада, ҳаво дар баъзе минтақаҳо то -18 дараҷа ва дар қисмати кӯҳсор то -33 дараҷа хунук мешавад” навиштааст СПУТНИК.

Ҳамин тавр, ҳаво дар Вилояти Хатлон то -10 дараҷа ва дар шаҳру навоҳии Вилояти Суғд -13 дараҷа, дар қисмати кӯҳии ин минтақа-18 дараҷа хунук мешавад. Мардуми сарбаланди Бадахшони Кӯҳиро хунукии тоқатфарсо интизор буда, дар қисмати шарқии ин Вилоят дар рӯзҳои истироҳат ҳаво то 28- 33 дараҷа хунук хоҳад шуд.

Дар пойтахт ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, эҳтимоли фаромадани туман дар назар аст. Шабона ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 9-11 дараҷа хунук мешавад.

Тағйир ёфтани боду ҳаво ва боридани барфу борон дар фаслҳои тирамоҳу зимистон як амри табиист, аммо мушкил дар он аст, ки мардуми тоҷик, хоса сокинони деҳот бе барқ сардиҳои имсоларо чи гуна паси сар хоҳанд кард.
Дар баробари рӯз то рӯз боло рафтани нахри орд, равған, гӯшт, шакар ва дигар анвои хӯрока, нархи маводи сӯхт, аз ҷумла ҳузуму ангиштсанг низ ба маротиб қиммат шудааст. Табиист, ки на ҳама сокинони кишвари мо имконияти иқтисодии харид ва захира кардани озуқаворию маводи сӯхтро доранд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, дар аксари шаҳру навоҳии Тоҷикистон, хоса дар деҳот мардум аз бебарқӣ азият мекашанд.

Ҳарчанд масъулини “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани лимитро эътироф намекунанд, вале набудани барқ дар деҳот далели раднопазир аст. Ахиран ин ниҳод хомӯш кардани барқро дар деҳот ба ҷараёни корҳои таъмирӣ дар нерӯгоҳҳои барқӣ алоқаманд намуда, ваъда дода буданд, ки аз нимаи моҳи ноябр маҳдудияти барқ аз байн бардошта мешавад, вале 20-уми ноябр шуда бошад ҳам, аз ваъдаи эшон то ҳол дарак нест. Бечора тоҷики кӯҳистонӣ дар ин хунукии ба қавле изғиринг бе барқ ва бе ҳезуму ангиштсанг чи кор мекарда бошад-а?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД