Дар яке аз ноҳияҳои наздики шаҳр Зиёда ном духтараки бисёр зебо, вале содаю зудбовар зиндагӣ мекард. Зиёда аз оилаи фақир буду ба доми фиреби ҷавони сарватманд афтида ошиқи зор шуда монд. Ошиқаш ба ӯ тез-тез зару зевар туҳфа мекард ва духтараки хомхаёл гумон дошт, ки ин ҳама туҳфаҳои гаронбаҳо далели ишқи поканд, аммо Юсуф Зиёдаро заррае дӯст намедошт. Барои аз ӯ коми дил ситонидан ҳамеша ба Зиёда ваъдаи тӯй дода, домонашро бо чормағзи пуч пур мекард. Ниҳоят Зиёдаи гӯлу гаранг ба ваъдаҳои осмонии ин бойбачаи маккор дода шуда иффати духтариашро ба ӯ бахшид. Пас аз ин Юсуф ин духтараки камбағалро боз 4 маротибаи дигар фиреб дода ба ҷойҳои хилват бурду ишрат кард. Зиёдаи содда намедонист, ки дӯстдоштааш Юсуф кайҳо дар фотиҳа аст ва хаёлан бо ӯ қасри бахт месохт, аммо баъди ба номуси Зиёда даст расондан Юсуф оиладор шуд. Ҳамсараш мисли худаш аз оилаи сарватманд буд.
Баъди чанд моҳ Зиёда ба назди Юсуф ба ҷойи кораш омада гиряву зорикунон гуфт:
-Ман аз ту ҳомиладорам, биё тӯй кунем!
-Ман аз куҷо медонам, ки ту ғайр аз ман боз бо киҳо ҳамхоба будӣ?!-Ситеза кард Юсуф.
Зиёда ба Худо қасам хӯрд, ки дигар бо ягон кас нагаштааст.
-Тифли дар батни ту буда аз ман бошад, маҳ ин пулро гиру рафта ҳаромиатро нест кун! Ман аллакай зан дорам,-амр кард Юсуф ва рӯяшро гардонда рафт.
Зиёдаро дигар илоҷ набуд, ночор исқоти ҳамл намуда, тифлаки батнашро кушт.
Аз байн як моҳ нагузашта ба хонаашон хостгор омад ва падару модараш дарди дили Зиёдаро напурсида розигӣ доданд. Тарафи домод сару либоси арӯс ва дигар чизҳои лозимиро оварданду волидонаш ба мардум ошу нон дода, Зиёдаро ба хонаи бахташ гусел карданд, вале…
Ҳамон шаби аввал нодухтар будани арӯсро фаҳмида шавҳараш Зиёдаро лагадкӯб намуда аз дар берун кард. Модар ба намози бомдод хеста Зиёдаи наварӯсро бо чашму рӯйи аз зарби мушту лагад сиёҳу кабудгашта дар дами дарвоза дид. Ба чашмони худ бовар накарда наздиктар рафт. Нигоҳаш ӯро фиреб намекард, каси дар дами дарвоза чун ҳайкал шахшуда духтараш Зиёда буд. Қиссаи нангини духтари бадномшудаашро шунида, модар аз шарм худро оташ зад, то дигар на рӯйи духтари беақлашро бубинаду на рӯйи хешу табор ва ҳаққу ҳамсояҳоро. Ҳамин тавр як хатои Зиёда ҳаёти ӯро сӯхту боиси марги модар гашт…
Лолаев Нуршед,
донишҷӯи бахши рӯзноманигории
Коллеҷи фарҳангии н. Рӯдакӣ