Зиёда аз 700 ҳазор муҳоҷирон аз қаламрави Федератсияи Русия ба таври маҷбурӣ берун карда мешаванд. Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин хабар додааст.
Ба қавли сарвари парлумони рус, ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2025 дар рӯйхати шахсони назоратшаванда номи беш аз 770 ҳазор шаҳрвадони хориҷӣ афтодааст, ки аз се як ҳиссаашонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд.
«Нисбати ин шахсон акнун қонуни нави муҳоҷиратӣ татбиқ карда шуда, онҳо аз қаламрави кишвар берун карда мешаванд”,- гуфтааст Володин.
Ёдрас мешавем, ки аз моҳи феврали соли 2025 дар Русия реестри шахсони назоратшаванда амал менамояд. Ба рӯйхати мазкур ному насаби шаҳрвандони хориҷие ворид карда мешавад, ки бидуни қайд дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, патент надоранд, аз ташхиси изи ангуштон нагузаштаанд, шаҳодатномаи тиббӣ надоранд, муҳлати ҳуҷҷатҳояшон гузаштааст ё дигар қонунҳои ин кишварро вайрон кардаанд.
Ҳуқуқҳои шахсоне, ки номашон ба ин рӯйхат афтодааст, маҳдуд карда шуда, наметавонанд суратҳисоби бонкӣ кушоянд, харидуфурӯш намоянд, хонаю мошин ё дигар амволи қиматбаҳо бихаранд, ақди никоҳ банданд ва дигар амалиётҳои муҳимро анҷом диҳанд.
Чунин шахсон ба таври иҷборӣ аз қаламрави Русия берун карда мешаванд.