Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳаштуми майи соли ҷорӣ Гимназия ба фаъолият оғоз намуда, толибилмонро барои соли нави таҳсил қабул карда истодаанд.
Дар ин бора Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар нишасти хабарӣ қайд кард.
Мавсуф гуфт, ки тибқи иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон 350 хонанда барои таҳсил ва 60 нафар ба Маркази инкишофи кӯдак иҷозат дода шуда, аз 1-уми июни соли ҷорӣ қабули хонандагон оғоз гардидааст.
Дар факултаҳои донишгоҳ 24 кафедраҳо аз рӯи нақшаи таълимӣ аз рӯйи 12 забон ва 60 ихтисос мутахассисонро ба бозори меҳнат рақобатпазир омода мекунанд.
Аз шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳи мазкур, ки 5198 нафарро ташкил медиҳанд, 942 нафарашон ройгон таҳсил намуда, 187 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ, 3 нафа фарзандони иштирокчиёни садамаи Чернобил мебошанд.