Oila 5 years
Жило Гулназарзода: Аз рӯи 12 забон мутахассисонро омода мекунем
998

 

Моҳи апрели соли 2023 , тибқи тартиби ҷо ба ҷо гузорӣ ва таъмини мутахассисони ҷавон ба ҷои кор дар донишгоҳ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар асоси ҳамин тақсимот 135 нафар донишҷӯён бояд ба ҷои кор ҳозир мешуданд. Аз ин теъдод ба 125 нафарашон роҳхат дода шуда, ба панҷ нафари дигар бо сабаби сафарбар шудан ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва панҷ нафари дигар бо сабаби хориҷ шудан роҳат дода нашуд.

Жило Гулназарзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин нуқтаро дар нишасти хабарии имрӯза қайд кард. Ҳамчунин илова гардид, ки донишгоҳ мутахассисонро аз рӯи 12 забон ва 40 ихтисос дар зинаи бакалавриат омода менамояд.

Нақшаи қаблули довталабони Донишгоҳ дар соли таҳсили 2023-2024 93 фоиз иҷро шудааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ низ дар шуъбаи рӯзона ва ҳам фосилавӣ дохил шудаанд.

Дар донишгоҳ 395 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ва 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забономӯз дар назди кафедраҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД