Formula novemver 2024
«Зебо»-соҳиби боз як ҷоиза гашт
1044


“Зебо” яке аз дастаҳои овозадори рақсии кишвари мо ба шумор рафта, ҳанӯз замони Шӯравӣ шӯҳраташ аз марзи Тоҷикистон берун рафта буд.

Ин ансамбли машҳур дар дохил ва хориҷи кишвар рақси мавзуни тоҷикиро муаррифӣ намуда, аз фестивалу озмунҳои рақсӣ ҳамеша бо ҷоиза ва сари баланд ба Ватан бармегашт. Инак, ин гурӯҳи шуҳратёр соҳиби боз як ҷоизаи дигари байналмиллалӣ гашт.

Ансамбли давлатии рақсии “Зебо” дар фестивал-озмуни байналмиллалии рақс, ки аз 25 то 30 апрели соли равон дар шаҳри Хеваи Узбекистон баргузор гашт, ҷойи дуюмро ишғол намуда, сазовори ҷоиза гашт. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар хабар додааст.
Ин фестивали зебо ва пуршукӯҳи ҳунарӣ бо дастгирии Юнеско барпо гашта, дар он раққосони номӣ, ансамблҳои овозадор, санъатшиносон ва ошиқону дӯстдорони санъати мавзуни рақс аз 30 кишвари олам ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро дар фестивали мазкур 13 нафар ҳунармандони ансамбли рақсии “Зебо” бо сарварии роҳбари бадеии ин дастаи овозадор, Ҳунарманди Халқии СССР Зебо Аминзода ва директори генералии Иттиҳодияи Давлатии дастаҳои ҳунарию консертӣ Бахтовар Раҳмонзода муаррифӣ намуда, аз ин чрабинии фарҳангию ҳунарӣ бо ҷоиза ба Ватан баргаштанд.
Дар фестивал 169 нафар ҳунармандон иштирок ва ҳунарнамоӣ намуда, дастаи рақсии “Зебо” ва дастаи рақсии “Узбекистон” ҷойи дуюмро бо ҳам қисмат намуданд. Ҷойи сеюм насиби дастаҳои рақсии “Свети дорди” (Сербия), «Танура» (Миср), «Шаттик» (Қирғизистон) ва «Инегал» (Туркия) гашт.

Дар рақси якка Кристина Коврова ва Никита Груздёвая аз Русия, ҳамчунин Нерея Фернандес аз Испания сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Ҷойи дуюм насиби дастаҳои рақсии «Навбаҳор»-и Узбекистон ва амсабли тарона ва рақси ба номи Фикрат Аминови Озорбойҷон гашт. Нитхи Мисра аз Ҳиндустон ва Фирӯза Аҳатова аз Узбекистон дар ин фестивал ҳамчунин зинаи дуюмро ишғол намуданд.

Зинаи аввалро дар байни дастаҳои рақсӣ амсамбли “Тӯмор” аз Узбекистон соҳиб шуда, ҳакамони озмун барои беҳтарин баромад дар саҳна амсабли рақсии “Пирин”-ро аз Булғористон сазовори зинаи аввал донистанд. Дар наминатсияи ҳунармандони инфиродӣ ҷойи якум насиби Гулнур Косимбек аз Қазоқистон ва Шерзод Кенҷабоев аз Узбекистон гашт. Гран-прии фестивалро ҳунарманди узбек Дилноза Ориқова соҳиб шуд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД