goodwell
Ӯзбекистон дар ҳафт моҳ 7,75 миллион сайёҳи хориҷӣ қабул кардааст
61

Аз оғози соли ҷорӣ ҷараёни воридшавии сайёҳон ба Ӯзбекистон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-июл ба ин кишвар беш аз 7 миллиону 749 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 1,4 миллион нафар ё 22,6 фоиз бештар мебошад. Дар ин бора Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон хабар додааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, қисми асосии меҳмонон аз кишварҳои ҳамсоя омадаанд. Дар ҷойи аввал Қирғизистон қарор дорад - дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 2,18 миллион шаҳрванди ин кишвар ба Ӯзбекистон сафар кардаанд. Дар ҷойи дуюм Қазоқистон бо 1,86 миллион сайёҳ ва дар ҷойи сеюм Тоҷикистон бо 1,73 миллион ташриф қарор гирифтааст.

Русия низ ба рӯйхати манбаъҳои асосии ҷараёни сайёҳӣ шомил шудааст. Дар ин давра аз Русия 710,8 ҳазор нафар ба Ӯзбекистон омадаанд. Аз Афғонистон 281,2 ҳазор, аз Чин 269,7 ҳазор, аз Туркманистон 192,8 ҳазор ва аз Туркия 111,9 ҳазор сайёҳ ворид шудаанд.

Камолиддин ҲАННОНӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД