Lmarka 2025
Зайниддин Раҳимов сармураббии “Ҳосилот” шуд
258

Мутахассиси ватанӣ Зайниддин Раҳимов сармураббии дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор интихоб шуд. Раҳимов бо дастаи ноҳияи Фархор то анҷоми мавсими имсола шартнома имзо намуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин мақом Раҳимов мутаххасиси эронӣ Амин Субҳониро иваз кард. Амин Субҳонӣ пас аз 6 даври мусобиқа бо “Ҳосилот” ягон ғалаба ба даст оварда натавонист ва бо хоҳиши худ тарки вазифа намуд. Субҳонӣ моҳи феврали соли ҷорӣ дастаи “Ҳосилот”-ро ба уҳда гирифта буд. Дар 6 даври бозиҳои имсола дар Лигаи олӣ “Ҳосилот” аз дастаҳои КМВА (2:1), “Барқчӣ” (0:3), “Равшан” (2:1) мағлуб шуда, бо “Истиқлол” (1:1), “Вахш” (1:1) ва “Истаравшан” (1:1) мусовӣ кардааст. Ҳоло дастаи ноҳияи Фархор бо касби 3 имтиёз дар зинаи 11-уми ҷадвали мусобиқа мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин истеъфои сармураббӣ дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ мебошад.

Фаъолияти охири Зайниддин Раҳимов дар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода буд. Тавре маълум аст, дастаи “Регар-ТадАЗ” дар соли сипаригардида зери роҳбарии Зайниддин Раҳимов барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 гардида, соҳиби роҳхат ба мусобиқаи Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД