Arzon Banner
ЗАВРАҚИ ХУДСОХТ Ё РОҲИ ҲАВОӢ ВА Ё ЧӢ БОИСИ МАРГИ ОИЛАИ ШОҲМИРЗОЕВҲО ШУД?
4069

Ҳарчанд аз ғарқ шудани чор узви як хонадон дар ноҳияи Айнӣ 2 ҳафта гузашта бошад ҳам, то ҳол ҷасади онҳо пайдо нашудааст.

Худойқул Муродов, раиси маҳаллаи Рӯи оби Махшевад дар суҳбат бо бахши тоҷикии хабаргузории “Sputnik” гуфтааст, ҷустуҷӯи онҳо аз 14 август бо ширкати мардуми деҳа, ҳамсоядеҳаҳо ва кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда идома дорад, аамо то ҳол ягон натиҷа надодааст.

“То Панҷакент, ҳатто то худи сарҳади Ӯзбекистон рафтем, аммо пайдо нашуданд. Мушкил дар ин аст, ки оби дарё баланду сангҳояш зиёд аст. Дар дохили дарё сангҳои бузургу ғорҳо ҳастанд, ки ҷасад метавонад дар онҳо руст кунад. Бо ин вуҷуд, таваккал ба Худо, ҷустуҷӯ дорем”, - гуфт Худойқул Муродов.

Рӯзи 15 августи соли равон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани чор узви як хонавода дар ноҳияи Айнӣ хабар дода буд. Бино ба хабари онҳо, тахминан соати 09:50 – и рӯзи 14 август инг оила мехостанд савори заврақи худсохт дарёро убур кунанд, аммо аз беэҳтиётӣ заврақ чаппа шуда, ҳамагашон ба коми дарё рафтаанд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Sputnik” дар маҳалли ҳодиса баъди сӯҳбат бо сокинон иттилоъ дод, ки Исмоил Шоҳмирзоев ва се узви дигари хонаводааш на тариқи заврақи худсохт, балки аробаи танобӣ (ба истилоҳи мардуми деҳа, каталка ё канатка) мехостанд аз як соҳили дарёи Искандар ба соҳили дигараш гузаранд.

“Ин аробаи танобиро худи Исмоил Шомирзоев сохта, аз ин соҳил ба дигар соҳил рафта меомад. Ҳатто замоне, ки барои ширкати “Талко Голд” аз Махшевад хатти барқ мегузаронданд, чиниҳо тариқи ин ароба сементу дигар маводи сохтмониро интиқол медоданд. Коре шуд, ки ин ихтироъаш ҳам ба сари худаш расиду ҳам аъзои хонаводааш”, - гуфт яке аз ҳамсӯҳбатони онҳо.

Ба қавли сокинони Махшевад, Исмоил Шомирзоев дар гузашта дар бахши замини ноҳияи Айнӣ заминсоз буд, аммо дар ҳамаи соҳаҳо саводи кофӣ дошт ва гули сари сабади маҳфилҳо буд.

“Овозхони хеле хубе буд. Агар ӯро дар ҷои прокурор мемондӣ ё суд, ё механику ҳар касби дигар аз уҳдаи ҳама кор мебаромад. Ҳамин аробаи танобӣ далели ҳунармандии ӯ буд”, - мегӯянд онҳо.

Ба қавли сокинон, дар фоҷиаи рӯзи 14 август ба ҷуз Исмоил Шомирзоеви 61 – сола, духтараш Гулҳаваси 33 – сола бо писараш Пурдил Наврӯзови 3 - сола, келини хонавода, зодаи ноҳияи Шаҳринав Наврӯзмо Пироваи 30 – сола, ҳамагӣ сокини маҳаллаи Гулободи деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ дар дарё ғарқ шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД