Sebiston new 2024 october
Заҳролудшавии як оила аз ғизо
623

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаждании кишвар аз заҳролудшавии як оила аз мааводи ғизоӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои ин ниҳод, 2 май, тахминан соати 18:35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар деҳаи Холматови ноҳияи Шаҳритус тибқи маълумоти пешакӣ 9 нафар узви як хонадон аз ғизо заҳролуд шудаанд.

Дар натиҷаи ин 4 нафар фавтиданд ва 5 нафари дигар дар ҳоли вазнин қарор доранд.

Мақомоти марбута сабаби ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои расонаҳо, Муҳайё Авазалиева ва хоҳараш Миҷгона Авазалиеваро бо се кӯдакаш, ки фавтиданд, дирӯз ба хок супориданд.

Инчунин, хонед:

МОДАР НАЗДИ ФАРЗАНДОНАШ РАФТ

Бояд гуфт, ки ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ғизову консерва чанд соли охир афзуда, чанде қабл дар шаҳри Панҷакент низ як оила бо ин омил фавтида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД