Arzon march 2024
Модар назди фарзандонаш рафт
1721

Роҳила Шариповаи 37-сола, ки модари Шерафкани 12-сола ва Хушнуди 9-сола мебошад, вафот кардааст. Дар ин бора Ҷамшеди Маҳкампур, яке аз наздикони марҳум хабар дод.

18-уми апрели имсол фарзандони ӯ, ду кӯдаки 9 ва 12-сола дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент баъди хӯрдани "консерва"-и бодиринг, ки бо сирко омода шуда буд, дар рӯзи зодрӯзе яке аз кӯдакон заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд. Модар ва як кӯдаки дигар дар шуъбаи эҳёи беморхонаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати вазнин қарор доштанд. Модари кӯдакон низ вафот кардааст, аммо аз тақдири кӯдаки дигар 13-сола чизе гуфта нашудааст.

Сабаби заҳролудшавии ин хонаводаро табибон бемории ботулизм медонанд. Ботулизм як бемории ниҳоят хатарноки сироятӣ ва заҳролудкунанда аст, ки аз токсинҳои бактерияҳо бо номи “Clostridium botulinum” ба вуҷуд меояд. Бактерияҳои зараровар дар муҳитҳои беоксиген ё оксигени камдошта, ба монанди консерваҳо, нашъунамо меёбанд ва токсинҳоро тавлид мекунанд.

Ҳангоми истеъмол онҳо ба меъда рафта, маъмулан пас аз 12 то 36 соат аломатҳои беморӣ зуҳур мекунад. Аломатҳои он мушкил будани фурӯбарии хӯрок ва гапзанӣ, даҳони хушк, заифӣ дар ҳар ду тарафи рӯй, хира дидан ё калон дидан, овезон шудани пилкҳои чашм, нафаскашии душвор, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, исҳол ва фалаҷ арзёбӣ мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД