Arzon march 2024
Зарбаи ёздаҳметра дар футбол кай пайдо шудааст?
21.12.2024
ОИЛА.ТҶ
676

Пеналтӣ ё зарбаи 11-метра соли 1891 ба футбол ворид шуд. Доварон ва бозигарон рӯи ин масъала фикр намуданд, то онҳоеро, ки ҳангоми бозӣ ба қоидавайронкунӣ роҳ медоданд, чӣ гуна муҷозот намоянд.

Аввалин касе, ки зарбаи пеналтиро пешниҳод намуд, Уилям Маккрам - дарвозабон аз Ирландияи Шимолӣ буд. Ин пешниҳодро дар мавсими солҳои 1891-1892 Ассотсиатсияи футболи Британияи Кабир ҷонибдорӣ намуд.

Нахустин пеналтиро Билли Хит аз дастаи Вулверхемптон 14-уми сентябри соли 1891 ба дарвозаи тими Аккрингтон зад.

То роҳандозии ҷаримаи 11-метра дастаҳо такроран бо ҳам зӯр меозмуданд ва ё тақдири бозӣ бо усули қуръапартоӣ ҳал мешуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД